3 апрели соли равон дар «Амфитеатр»-и назди Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими мутантани гусели беш аз 1200 нафар даъватшаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти вилоят, фаъолони ҷомеа, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва волидайни даъватшавандагон иштирок намуданд.
Корҳои тарғиботию ташвиқотии марҳилаи байнидаъватӣ натиҷаҳои нек доданд ва то ин дам беш аз 2100 нафар ҷавонони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба қисмҳои ҳарбӣ сафарбар карда шуданд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб ва ҷавонмардӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат маҳсуб меёбад.
Мавриди зикр аст, ки нақшаи даъватро аввалин шуда ҷамоатҳои деҳоти Сабристон, Ҷавкандак, Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан, Ворух, Чилгазӣ ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара, Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов, Зарнисор ва Навгарзани шаҳри Гулистон таъмин намуданд.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»