Дар Қасри Арбоб маросими гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ботантана баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
- Ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, он на танҳо қарзи фарзандӣ, балки мактаби мардонагӣ ва ватандӯстӣ барои ҳар ҷавонмарди баору номус мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ҷавононро неруи пешбаранда ва такягоҳи боэътимоди давлату миллат мешуморанд, — иброз дошт раиси вилоят.
Дар даъвати баҳорӣ беш аз 2180 нафар аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ихтиёран худро барои адои хизмати ҳарбӣ дар комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис карданд. Акнун, дар аввалин навбати гусел 1700 ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо эҳсоси ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданд.
Дар рӯзи нахустини даъват ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва як қатор ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаро пурра иҷро намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ маросими нонгазон баргузор гардида, аҳли фарҳанги вилоят бо намоиши барномаи рангини консертӣ табъи ҷавононро болида намуданд.
Ҷ. САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»