Суғд. Хуҷанд дар самти гирифторӣ ба ВНМО пешсаф аст

№145 (4095) 30.11.2019

Тибқи маълумоти расмӣ, дар вилояти Суғд теъдоди гирифторони касалии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) солҳои охир рӯ ба афзоиш дорад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз соли 2001 то ҳол 2700 сокини вилоят ҳамчун гирифторони вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шуданд. Мутаассифона, 777 нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат расидаанд.

Теъдоди бештари гирифторони ВНМО ба шаҳри Хуҷанд рост омада, шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Исфара, Бобоҷон Ғафурову  Конибодом, Мастчоҳу Бӯстон, Гулистону Истаравшан ва ғайра низ дар ин рӯйхат  қарор доранд. Дар ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Масчоҳ низ соли ҷорӣ бори нахуст гирифторони ВНМО ба қайд гирифта шудаанд.

Боиси таассуф аст, ки аз сироятёфтагон 80 нафарро кӯдакони то 4 — сола ташкил медиҳад.

Пӯшида нест, ки сабаби асосии гирифторӣ ба ин беморӣ алоқаи ҷинсии беэҳтиётона аст. Наздик ба 70 фисад аз теъдоди умумӣ бо ин сабаб сироят ёфтаанд. Дар мақоми дуюм нашъамандӣ (тавассути сӯзандоруи тазриқӣ)  қарор дорад, ки зиёда аз 25 фоизи мубталоёнро ташкил медиҳад.

Боиси нигаронӣ аст, ки касалии ВНМО ҳар сол рӯ ба афзоиш дошта, танҳо дар 9 моҳи соли равон зиёда аз 300 гирифтори он ба қайд гирифта шудаанд, ки бештарашонро мардҳо ташкил медиҳад. Дар ин давра зиёда аз 50 нафари гирифторони СПИД фавтидаанд.

Дар вилояти Суғд 15 Маркази пешгирӣ ва мубориза ба зидди ВНМО фаъолият дорад, ки корҳои ба иҷро расонидаи онҳо қаноатбахш нест. Аз беназоратӣ ва ба роҳ монда нашудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирӣ аз сироятёбӣ дар 9 моҳи соли равон ҳолатҳои дидаю донис­та таҳти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар ошкор гардид. Дар робита ба ин, 32 парвандаи ҷиноятӣ дар асоси моддаи 125 Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Масалан, сокини ноҳияи Ҷ. Расулов Ҷ. С. бо вуҷуди дар қайди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО қарор доштан ва огоҳонида шудан оид ба сироят накардани дигарон, моҳи июли соли равон дидаю дониста сокини ноҳияи Спитамен Қ. Ғ.-ро сироят кардааст. Нисбат ба ӯ аз тарафи прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноӣ оғоз ва бо ҳукми суди ноҳия маҳкум карда шуд.

Иддае аз табибон ба хотири пулу моли муфт   сабаб­гори паҳн шудани ин маризии хавфнок мегарданд. Амали духтури тибби оилавии Маркази саломатии шаҳри Панҷакент Турсунов Ҷ. И.-ро мисол овардан мумкин аст. Номбурда ба ҳамдеҳааш А. Ё., ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ВНМО сироят ёфтааст, маълумоти қалбакӣ оид ба солим буданаш дода, дар натиҷа бо амали носавобаш сабабгори сироятёбии арӯси ҷавон — духтараки бегуноҳ Т. Ш. ба касалии ВНМО гардидааст. Суд барои бемасъулиятӣ ба табиб ҷазои сазовор дод. Аз сабаби он ки яке аз омилҳои паҳншавии ВНМО муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, хуб мешуд, ҳар муҳоҷири меҳнатии ба ватан баргашта, аз ташхиси тиббӣ гузаронида шавад. Дар ин ҳолат метавон афзудани ин бемориро боздошт. Вале муҳимтар аз ҳама, дар робита ба ин масъала фаросати воло доштан аст.

Ҷумъахон НАЗРИЗОДА, прокурори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи II,                                        

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»