Суғд: иштироки фаъолона дар «Дави миллӣ»

№ 22.05.2023

12121- уми май дар доираи таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд​ чорабинии анъанавии «Дави миллӣ» бо иштироки роҳбарияти вилоят, намояндагони ташкилоту идораҳо, ҷавонону донишҷӯён ва сокинон баргузор гардид.

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бошад, мусобиқаи варзишӣ  аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» оғоз ёфта, тавассути кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев​ идома ёфт. Дар он беш аз 18 000 нафар ширкат варзид. Ба иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушду такомули варзиш ва оммавияти он байни мардум аст.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»