Дар Маҷлиси фаъолони вилояти Суғд аз рӯи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, ки чанде пеш таҳти раёсати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид, камбудиву норасоиҳои ҷиддии масъулини сохторҳо ва якчанд шаҳру ноҳияҳо маълум гардид.
Бахусус, бар асари риоя нашудани структураи кишти зироатҳо нақшаи кишти картошка иҷро нагардид. Ба ҷои 18 ҳазору 500 гектари муқарраркарда 16 ҳазору 271 гектар кишт шудааст. Ин ҷиҳат сабабгори дар бозорҳои вилоят якбора боло рафтани нархи картошка гардид. Аниқтараш, агар тирамоҳ як кило картошка 2,5-3 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас айни ҳол 5-5,5 сомонӣ шудааст.
Имсол низ чун солҳои пешин кирмакпарварон ба нокомӣ дучор шудаанд. Сабаби инро Раҷаббой Аҳмадзода дар ворид намудани тухми бесифати кирмак донист.
- Соли равон нақшаи истеҳсоли пилла 400 тонна муқаррар гардида, то ба ҳол дар вилоят 146 тонна пилла истеҳсол шудааст, — изҳори нигаронӣ кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Инчунин, дар ҷаласа сухан дар бораи пардохт нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ рафт, ки ба 64 млн. сомонӣ расидааст. Сабаби ин рӯирост саркашӣ кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз пардохти ҳаққи хизмати обрасонист.
«Болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин бар асари бе огоҳии пешакӣ қатъ намудани қувваи барқ аз тарафи масъулони барқтаъминкунандаи вилоят дар нимсолаи аввали соли равон 30 садамаи вазнин дар пойгоҳҳои обкашӣ рух дода, ба миробчиёни вилоят хисороти зиёд овард. Аз рӯи гуфти масъулони соҳаи обрасонӣ, нархи як муҳаррики аз кор баромада то 150 ҳазор доллари ИМА мебошад. Ҳол он ки дар ин муддат бар асари бемасъулиятии масъулони барқтаъминкунии вилоят якчанд муҳаррикҳои пойгоҳи обкашӣ аз кор мондаанд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба намояндаи Прокуратураи вилояти Суғд дастур дод, ки бемасъулиятии роҳбарияти Идораи барқи вилоят дар доираи қонун баррасӣ шавад.
Масъалаи дигар, ки дар ҷаласа изҳори нигаронӣ карда шуд, аз меъёр зиёд боргирии ширкати сементистеҳсолкунии «Хуаксин Суғдсемент» ва ширкати истеҳсоли ангишти «Қудрат — 210» буд. Ба гуфти масъулони роҳсозии вилоят, бар асари аз меъёр зиёд бор гирифтани мошинҳои боркашӣ роҳҳои «Истиқлол — Хуҷанд» ва «Кӯҳистони Мастчоҳ — Айнӣ» валангор шуда, ҳатто чанд кӯпрукро низ шикастаанд.
-Ин айби кормандони «Логистикаи нақлиёт» аст, ки мошинҳои боркашро дуруст назорат намебаранд, — таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода. Бар замми ин, ширкати «Хуаксин Суғдсемент» чанд сол боз ваъда медиҳад, ки роҳи «Истиқлол-Хуҷанд»-ро мумфарш мекунад, аммо аз кор дарак нест…
Барои ислоҳи камбудиҳо ба роҳбарони якчанд шаҳру ноҳия, аз ҷумла ноҳияҳои ба номи Б. Ғафуров, ба номи Ҷ. Расулов, шаҳрҳои Конибодому Панҷакент муҳлат дода шуд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»