Суғд. Масъулин баҳри рафъи бетаъхири камбудиҳо муваззаф шуданд

№ 16.01.2023

sugdҶаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро, ки  бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода Ризоӣ ва фаъолони  вилоят доир гардид, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят  Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ бахшид.

Оид ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли сипаришуда муовини раиси вилоят Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ахбори муфассал дода,  фаъолиятро назаррас арзёбӣ кард.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ аз ҷумла гуфт, ки  бо вуҷуди дастоварду пешравиҳо дар бисёр самтҳо ҳанӯз мушкилот  зиёд аст, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф шаванд.

Яке аз ин мушкилот сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ арзёбӣ шуд. Таъкид гардид ҳолатҳои сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз як ноҳия ба ҳисоби ноҳияи дигар ба назар мерасад.

Маълум шуд, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон  ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои коррупсионӣ низ ошкор шудаанд. Ҳамзамон, дар як зумра қисмҳои ҳарбии вилоят ҳодисаҳои риоя нагардидани оинномаи хизмати ҳарбӣ аз ҷониби афсарон рух дода, кор то ба ҳабси афсарон расидааст.

Дар соли 2022 ошкор ва ба қайд гирифтани 1176 ҳолати ҷинояткории ҷавонон, тадриси ғайриқонунии динӣ, ки аз 430 нафари ошкоршуда 110 нафарашон ноболиғонанд, аз ҷумлаи мушколоте мебошанд, ки дар ҷаласса баррасӣ шуданд.

Бино ба гуфти Раҷаббой Аҳмадзода, дар самти тақсимоти замин ҳолатҳои нақзи қонун ба назар мерасад. Дар соли 2022 ба 337 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътирози прокурорӣ шудааст, ки  303 тои он вобаста ба замин мебошад.

Бо вуҷуди ҳамасола ба кор  пардохтани корхонаҳои нави саноатӣ  норасоиҳо дар ин самт низ кам нестанд. Масалан, калобаресӣ агар дар соли 2021 3000 тоннаро ташкил карда бошад, ин рақам дар соли 2022  ба 1000 тонна расидааст.

Аз норасоии кадрҳо дар соҳаи маориф нигаронӣ гардид. Зикр шуд, ки ҳоло дар вилоят 2059 омӯзгор намерасад. Норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ ва забонҳои русиву англисӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳу Деваштич ва Ҷаббор Расулов боқӣ мондааст.

Вазъи ҷудошавии оилаҳо низ ташвишовар аст. Соли 2022 дар вилоят 4302 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 362 ҳолат зиёд мебошад.  Раиси вилоят ба масъулон дастур дод, то омилҳои ин зуҳуроти номатлубро омӯзанд ва барои пешгирии ҷудошавии оилаҳо чораҳои зарурӣ биандешанд.

Масъали дигаре, ки дар ҷалласа ба он диққати хосса зоҳир шуд, ин пурра иҷро нашудани нақшаи солонаи пахта дар баъзе ноҳияҳои вилоят мебошад.

Аъзам Вализода Наврӯз, раиси ноҳияи Масчоҳ, сабаби иҷро нашудани нақшаи солонаи пахтаро дар паст рафтани нархи пахта арзёбӣ карда, аз ҷумла  гуфт: «Деҳқонон пахтаҳои ҷамъовардаашонро то ба боло рафтани нарх дар хонаҳояшон нигоҳ дошта истодаанд. Ҳамин, ки нархи пахта боло рафт, онҳоро ба заводҳои коркарди пахта месупоранд».

Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода, сабаби сари вақт ва пурра иҷро нагардидидани нақшаро дар норасоии оби полезӣ рабт дод.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода Ризоӣ ба масъала равшанӣ андохта, аз ҷумла гуфт, ки Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр аз ҷониби Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳр ба таври кофӣ дастгирӣ намёбад.

-Пойгоҳи обкашии «Пойменний», ки ба воситаи он масоҳати зиёди заминҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ обёрӣ мешаванд, бинобар фарсуда будан, аз кор мебарояд, аммо баҳри азнавсозии он чораҳои зарурӣ андешида нашудааст, -афзуд Сулаймон Зиёзода Ризоӣ.

Дар интиҳо масъулин муваззаф шуданд камбудиҳои  дар ҷаласа баррасишударо дар наздиктарин фурсат бартараф намоянд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»