Суғд.Номзадии Раҷаббой Аҳмадзода ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ гардид

№34 - 35 (4140 - 4141) 19.03.2020

 Масъалаи асосие, ки чанде пеш дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор гирифт, натиҷаи маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд буд.

Аз рӯи он гузориши раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Муҳаммадҷон Исомаддинов шунида шуд. Ӯ гуфт, ки 1 марти соли 2020 дар 1045 участка интихобот доир шуд. Дар маҷмӯъ, аз 1 млн.​ 555 ҳазору​ 174 нафар интихобкунанда 86 дарсад дар он ширкат варзиданд.

Сипас, ваколати 69 вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати шашум тасдиқ карда шуд. Вакилони тозаинтихоб савганд ёд карда, омодагиро ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони соҳибис­тиқлол баён доштанд.

Тибқи масъалаҳои дигар вакилон Дастури Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоятро тасдиқ карданд.

Ҳамчунин, аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 номзадии Раҷаббой Аҳмадзода ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва аз ҷониби ҳозирин дастгирӣ гардид.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»