Суғд. Семоҳаи аввали сол бо баъзе аз камбудиҳо ҷамъбаст шуд

№57 (4319) 29.04.2021

- Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 100,1 фоиз иҷро шуда бошад ҳам, аммо бинобар иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андоз дар шаҳру ноҳияҳои Айниву Ашт, Истаравшану Конибодом, Кӯҳис­тони Мастчоҳу Панҷакент ба буҷети вилоят 18,4 млн. сомонӣ кам маблағ ворид шудааст, — бо нигаронӣ изҳор дошт муовини раиси вилояти Суғд Зариф Назирӣ зимни ҷаласаи фаъолони вилоят, ки таҳти раёсати раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд.

Зимни баррасии нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли равон зикр гардид, ки то якуми апрели соли 2021 дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба маблағи 691,3 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, ҳоло дар вилоят маъракаи кишти пунбадона ва дигар зироатҳои баҳорӣ вусъати тоза гирифтаанд. Майдони умумии кишти баҳорӣ 57783,6 гектар ё 32 фисади нақшаро ташкил медиҳад.

- Ҳарчанд суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти индекси нархҳо 127,8 фоизро ташкил диҳад ҳам, аммо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳрҳои калони саноатии вилоят — Гулистону Панҷакент бо сабабҳои маълум кам гардид. Мутаассифона, аз 675 корхонаи саноатӣ 190 корхона бинобар норасоии ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гардидани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, ба рақобат тобовар набудани маҳсулоти истеҳсолшуда фаъолият накарданд, — гуфт Зариф Назирӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша, соли равон бояд 120 корхона бо 3027 ҷойи нави кор ба фаъолият шурӯъ кунад, вале то ҳол танҳо 31 коргоҳ бо 266 ҷойи кор ба фаъолият оғоз кардааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз камбудиву норасоӣ, аз ҷумла, пинҳон кардани фаъолият аз андозбандӣ, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, якбора боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои вилоят, паст будани ҳосилнокии пахтаву ғалладонагиҳо, дар бораи фаъолияти 77 ҳазор хоҷагии деҳқоние, ки бе қайди нозироти андоз ва омор фаъолият мекунанд, мушкилоти соҳаи кирмакпарварӣ, афзудани ҳолатҳои тадриси ғайриқонунии динӣ вилоят ва ҷинояткорӣ байни ноболиғон изҳори нигаронӣ кард.

М. МАҚСУДОВ,

 «Садои мардум»