Ё чаро бархе аз судяҳо тут гӯянд, бед мефаҳманд?
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд мебошад.
Натиҷаи фаъолияти ғайриқаноатбахши баъзе аз судяҳо аст, ки рӯзҳои шанбе ҷабрдидагони зиёде ба қабули раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён меоянд. Агар ман ба қабули ин марди соҳибтаҷрибаву дурандеш намерафтаму он кас ба асли воқеа сарфаҳм рафта, дубора парвандаро намебардоштанд, намедонам ҳоли мани 71-сола аз дасти баъзе қаллобон, ки нақшаи фурӯхтани молу мулки на танҳо ман, балки ҳамсояҳоро доштанд, чӣ мешуд?
Гап сари он ки соли 2008 комиссияи қонунигардонии молу мулк ба манзили мо, воқеъ дар кӯчаи Убайди Зоконии шаҳри Душанбе омада буданд. Мо, бародарон сохтмонҳои худсарона сохтаамонро ба онҳо нишон додем. Ёварони аъзои комиссияи қонунигардонии молу мулк зимни ҳуҷҷатгузорӣ иштибоҳ карда, пурра иморатҳои навсохтаи 491 метри мураббаъ заминро, ки пойгоҳи умумӣ буда, иншооти ҳамсояҳо дар он ҷойгиранд, ба номи писарам Шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк навиштанд. Он вақт писарам дар шаҳри Москва зиндагӣ мекард ва аз ин хабар надошт. Дар бинои мазкур танҳо ҳадяи модараш иборат аз се ҳуҷра (51 метри мураббаъ) ба номи ӯ буд. Собиқ ҳамзистам Т. Л. Вознисенская (модари писарам) чанд сол пас аз ҳамзисти дигараш ҷудо шуда, ба хонаи писарам баргашт ва шаҳодатномаҳои қонунигардонии молу мулкро пайдо намуда, телефонӣ ба ӯ гуфтааст: «Ба номат ҳуҷҷате пайдо кардам, ки маблағи калон дорад. Азбаски падарат ҳам ба ҳуҷраи №1 шаҳодатнома дорад, метавонад садди роҳат шавад. Зуд биё, то илоҷе карда, бо ёрии адвокату судяҳои шинос шаҳодатномаи қонунигардонидашудаи падаратро аз тариқи суд бекор кунем. Ба адвокатҳо танҳо ваколатномаи ту даркор аст».
Баъди ин огоҳӣ писарам 6-уми марти соли 2013, пас аз 7 соли дар хона набудан ба Тоҷикистон баргашт. Писараму собиқ ҳамзистам ҳуқуқшинос Шарифов Парвиз ва модараш Раҳимова Ш. К.-ро ваколатдор гирифтанд. Ваколатдорон се моҳ вазъияти хонаводаро омӯхта, 23-юми майи ҳамон сол ба КФБТ (МБТИ) рафта, ҳуҷҷати техникии дуюми ҳавлиро тартиб медиҳанд. Ҳол он ки қисмати зинапояи роҳи хонаи ошёнаи дуюм ба номи модару бародаронам ҳуҷҷат дошт. Бо дасти ин «ҳуҷҷатнигорон» ҳоло ҳуҷраҳои № 1 ва 4-и бинои мо се шиносномаи техникӣ доранд. Ман ҳайрон, ки масъулони КФБТ-и шаҳри Душанбе чӣ хел ба як ҳуҷра ду ҳуҷҷат тайёр мекунанд?
Моҳи декабри соли 2013 Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулки ман аз 4 майи соли 2008-ро беэътибор шумурд. Ваколатдор Шарифов ва писарам аз бойгонӣ ҳуҷҷатҳои хонаро гирифта, ҷиянҳоямро, ки қонунӣ дар қайди ҳамин хона буданд, пеш карданд. Писарам барои пардохти маблағ ба адвокаташ П. Шарифов ашёи хонаро аз яхдону китобҳои нодири қадима сар карда, то дегу ҳезум фурӯхт. Афсӯс, ки ман нашъамандию носолимии писарамро хеле дер фаҳмидам. Ӯ дар Москва ба чунин беморӣ гирифтор шудааст.
Бо тавсияи нозири минтақавӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кардам. Судя М. Ҳаётов 8 моҳ парвандаро дар суд бе баррасӣ монд. Рӯзе маро ба бинои суд даъват кард. Бо маслиҳати ваколатдор писарам омаду маро таҳқир намуд, ки «падарам қаллоб асту молу мулки маро гирифтан мехоҳад». Ҳарчанд писарам дар бунёди ин манзил ягон ҳисса нагузоштааст, маро дар ҳузури судя носазо гуфт.
Аз ин рӯ, фишори хунам баланд шуду аз судя хоҳиш кардам, ки рафта адвокатамро меорам. Вақте баргаштам, аллакай толори судӣ банд буд. Баъди як ҳафта М. Ҳаётов ҳамроҳи П. Шарифов «суди сайёр» карданд.
Он 5 дақиқа давом кард. Судя М. Ҳаётов аз ман ҳуҷҷате ҳам талаб накарду мурофиа бе баҳс гузашт. Ҳамин тавр, судя падарро ҷавобгару писарро даъвогар ҳисобида, ҳалнома баровард. Масалан, маро гуфтанд, ки «бе иҷозати писарат сохтмон кардаӣ». Ман сохтмонро соли 1994 карда будам, ки он вақт писарам синфи 10 мехонду ноболиғ ҳисоб меёфт. Соли 2008 ба номи худам сохтмонҳои пешина, ҳуҷраҳои №4 ва №1-ро ба расмият дароварда будам.
Судя мегӯяд, ки «бе иҷозати писарат ба номи худат қонунӣ гардонидаӣ». Ин сохтмонро бо пули меҳнатии худаму бародаронам бунёд кардам. Он давраҳо писарам дар Тоҷикистон набуд.
М. Ҳаётов дар ҳалнома зикр намудааст, ки «қитъаи замини ғасбнамудаи писарро падар бояд баргардонад». Ба ин манзил писарамро моҳи августи соли 1984 аз шаҳри Тошканд оварда будам. Қитъаи замин пойгоҳи умумии истиқоматкунандагони ҳамин биност, ки сертификат надорад. Он чӣ ки дар Шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк ғалат шудааст (491 метри мураббаъ), ин иштибоҳи ёварони ситоди қонунигардонии молу мулк буд, на аз ман. Ба ин хотир, ман ба суд ариза ирсол карда будам, ки Шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулки писарамро бекор намоянд, аммо судя баръакс кард.
Пас аз як моҳи «суди сайёр»-и 5 дақиқаина Парвиз Шарифов се судяи Суди шаҳри Душанберо ба манзили мо овард. Судяҳои суди шаҳрӣ мисли М. Ҳаётов хонаи баҳсии №1-ро монда, ба хонаи №4, ки дар ошёнаи дуюм воқеъ гашта, ба баҳси судӣ иртиботе надошта, дар он 5 оила зиндагӣ мекунанд, рафтанд. Хонум-судяро ба нишастан таклиф карда гуфтам, ки ин хонаи ман нест. Ҳуҷҷатҳои бародарамро, ки соҳибмулки хонаи №4 аст, ба ӯ нишон додам. Ду судяи дигар тавассути ошхона дари эҳтиётиеро, ки аз соли 1956 боқӣ мондааст, кушода, аз тариқи зинапояи чӯбин поён фаромада, ба тамошои боғ рафтанд. Ба онҳо гуфтам, ки ин хона аз дигар кас буда, ба хонаи баҳсӣ вобастагие надорад. Аммо он ду нафар, ки ҳоло дар Суди Олӣ фаъолият доранд, ба суханам эътибор надоданд…
Ҳамин тавр, ҳуқуқшиносон А. Ашӯров, Ш. Азизов, Ш. Раҳимова, П. Шарифов, М. Ҳаётов маро аз хонаву моликиятам маҳрум карда, ба кӯча партофтанд. Куҷост гуманизм? Агар писари 40-солаам ақли солим медошт, оиладор мешуд, фарзанд ба воя мерасонд ва кор мекард, имрӯз муфтхӯр шуда, ба ҷои дар айёми пирӣ падарро дастгирӣ намудан аз дарвоза берун намекард. Дар ин амали нангин ба писарам ҳуқуқшиносони мазкур мусоидат карданд. Ин дар ҳолест, ки ман барои соҳибмулкиам санаду ҳуҷҷати саҳеҳ дорам.
Судя аз ҳамсоягон ва ман напурсид, ки писарам дар шаҳри Москва буду чӣ гуна соҳиби Шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк гардидааст? Ба ғайр аз ин, ба мактубҳои чандинкаратаи ман ҷавоби якранг медиҳанд, ки ҳалнома бетағйир монда шуд. Ин дар ҳолест, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ будани ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансурро исбот кард.
Сол то сол дар ҷумҳурӣ теъдоди ҳуқуқшиносон афзуда истодааст, ки миёни онҳо ҷавонони боистеъдоду донишманд зиёданд. Афсӯс, ки на ба ҳамаи онҳо судя шудан муяссар мегардад. Аммо судяҳои зиёде адолату қонунро зери по карда истодаанд.
Ба қазия таваҷҷуҳ зоҳир намудани раиси Суди Олии мамлакат Ш. Шоҳиён маро дилпур намуд, ки дар робита ба масъалаи мазкур адолат тантана хоҳад кард.
М. Муҳаммадиев,
сокини шаҳри Душанбе