Дар шароити авзои мураккаби ҷаҳон таҷлили тантанаҳои идона дар фазои сулҳу осоишта ва рушди бемайлони кишвар, ки аз файзи истиқлолият ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссарамон гардидааст, роҳи тӯлонию басо мушкили суботу пешрафтро дар назар ҷилвагар месозад.
Наслҳои огоҳ фаромӯш накардаанд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифта, мардуми дар ҳолати яъсу навмедӣ қарордошта он замон рӯзҳои осоиштаро ҳатто орзу карда наметавонистанд. Хитоби сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ ҳамватанонро ба ҳаёти осоишта умедвору рӯҳбаланд намуд.
Шоири шинохта Ҷумъа Қувват дар достони «Абармарди набарди ваҳдат» аз Иҷлосияи тақдирсози зикршуда ҳамчун ибтидои масири сулҳу субот ва бахту иқболи миллат ва афрӯхтани шуълаи умед ба дили мардум орзуи халқи парешонгаштаро, ки баҳри наҷоти миллат он рӯзҳо дуо мекард, чунин тасвир намудааст:
Рафт бар минбар чу як ҳикматнигор,
Сулҳпарвар, чорагар, ваҳдатшиор.
Парчами поки Ватанро бӯса кард,
Гӯиё хоки Ватанро бӯса кард.
Баъди таҳқиқу адолатпарварӣ,
Оқибат бо шеваи ҳақгустарӣ,
Нусрати раҳмонӣ бар Раҳмон расид,
Гӯйӣ бар Исмоили Сомон расид.
Ба андешаи Пешвои миллат, «маҳз бо шарофати Иҷлосияи тақдирсоз мо тавонистем аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро барқарор карда, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем, таҳияи қонуни асосии кишвар бошад, барои ваҳдати миллӣ, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ дар Ватани азизамон заминаи қонунии устувор фароҳам овард».
Боиси ифтихору шарафмандист, ки Конститутсияи ҷумҳурӣ дар байни қонунҳои асосии давлатҳои ҷаҳон аз арзишмандтарин санади волои қонунӣ эътироф гардид, ки ин аз ботинан башардӯст будани тоҷикон шаҳодат дода, решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Қабули он барои ваҳдати миллӣ, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ заминаи устувор фароҳам овард. Лоиҳаи Конститутсияи давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз ҷониби комиссияи конститутсионӣ, ки дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, омода ва барои баррасии умумихалқӣ гузошта шуд. Лоиҳаи он дар шароите омода гардид, ки дар кишвар ҳанӯз оташи ҷанги дохилӣ хомӯш нагардида буд. Бинобар ин, Сарвари давлат ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ дастур доданд, ки лоиҳае барои баррасии умумихалқӣ пешниҳод карда шавад, ки дар он барои идомаи низоъҳои миллӣ ягон асос ва замина боқӣ намонад. Ҳамин тавр ҳам шуд.
Миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилона эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта тавонад, маҳз бо эҳтирому риояи қонун ва арзишҳои башарӣ муяссар мегардад.
Хушбахтона, дар айни замон давлати тоҷикон зери таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Пешвои миллат мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор дорад. Мардуми шукргузори кишвар дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамуда кору зиндагӣ доранд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад. Инчунин, мардуми бошарафи кишвар таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба сӯи ояндаи дурахшон равона мебошанд.
Тайи солҳои охир бо дастуру роҳнамоии Пешвои миллат баргузории чорабиниҳои дохилию сатҳи байналмилалӣ, бахусус чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бунёди ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва садҳо иншооти хурду бузург диққати оламиёнро ба кишвар рӯз то рӯз афзун менамояд. Шаҳру деҳоти кишвар ободу зебо гардида, бахусус, пойтахти он — Душанбеи дилрабо яке аз мавзеъҳои бехатари сайёра эътироф шудааст.
Зимни ҳар як сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ шоҳиди обод гардидани гӯшаҳои ҷумҳурӣ мегардем, ки бо шукӯҳу шаҳомати хоса, бо истиқболи самимонаи мардум аз меҳмони олиқадр, бо ифтихору шукргузорӣ аз ободии диёр ва тараннуми Ватани озоду обод басо хотирмон ҷараён мегиранд. Сокинони ҳама гӯшаю канори кишвар дар фазои орому осуда бо садою навои шукрона Пешвои миллатро бо фараҳу шодӣ истиқбол мегиранд. Ифтитоҳи садҳо иншооти муҳими хоҷагии халқ, пулҳои азим, корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангӣ, боғҳои сарсабзу замонавӣ, мумфаршу чароғон гаштани кӯчаҳо аз рушди бемайлони диёр башорат медиҳанд.
Миллати тоҷик дар фарозу шеби таърих ва озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо гузашта бошад ҳам, асолати таърихию фарҳангӣ ва ҳувияти миллиро нигоҳ доштааст, ки ин аз ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ ва дастовардҳои пурарзиши маънавӣ ғизо мегирад.
Тақдими китоби «Тоҷикон» аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ туҳфаи гаронарзиш ба хотири эҳёи худшиносию маърифатнокии миллати куҳанбунёду хирадофари тоҷик аст. Ҳама бо дарки масъулият ва сипос аз иқдому азмҳои дурандешонаи Пешвои миллат месазад, ки баҳри пешгирии ҳар гуна зуҳуроти тахрибкор, ки аз ҷаҳолат маншаъ мегиранд, парчами маърифати миллатро чун қарзи шаҳрвандӣ ҳамеша боло бардорем.
Пешвои миллат бо ғайрату талошҳои матину хастанопазир сидқан бо неруи ҷавонмардона миллатро ба сарҷамъиву ваҳдат ва ба корҳои ободу созанда ҳидоят ва роҳбарӣ намуда, барои ояндаи дурахшони кишвар шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд. Боварӣ дорем, ки таҳти роҳнамоии Пешвои миллат амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии ҷумҳуриро бо афзун гардидани маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди иншоотҳои нави саноатӣ, неругоҳҳои азими Ватан ояндаи наздик дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва аз нури ваҳдату шукуфоӣ ҳамеша дурахшон мебинем.
Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод