Табиби ман - ҳабиби ман

Султони шаҳри тиб

№100 (4050) 20.08.2019

DSC00193Корманди рӯзномаи «Садои мардум» Диловари Мирзо навиштани қиссаи наверо аз рӯзгори академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техника Ғиёсиддин Мироҷов ба анҷом расонид.  

Порчаеро аз он пешкаш менамоем. 

***

«Модар бузургтарин ва муқаддастарин эъҷози Парвардигор аст. Ӯро эҳтиром накардан, ба қадраш нарасидан, дилашро шикастан гуноҳи азим аст. Беҳуда бузургон нафармудаанд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст».

Ин ҳарфҳоро хеле барвақт гуфта буд, ёд надорам, ки аз байн чанд сол сипарӣ гардидааст, аммо ҳарф­ҳояш ба хотирам нақш бастанд.

Чорабинии пуршукӯҳе буд бахшида ба Рӯзи Модар ва мо паҳлуи ҳам менишастем. Шояд дар омади гап гуфта буд ё вобаста ба маъракае, ки ширкат варзидем. «Баъзеҳо модари хешро модар гуфта иззат мекунанд, аммо ба қадри модари бачаҳояшон намерасанд. Бояд ин тавр набошад. Ҳама модарон лоиқи эҳтироманд…». Он рӯзҳо намедонистам, ки Ғиёсиддин дар кӯдакӣ ятим мондааст. Дардашро эҳсос карда натавонистам. Баъдтар хиҷолат кашидам. Иброҳими Кобулӣ аз тариқи радио суруди «Модар»-ро бо алам хонд, дидам, ки дар чашмони марди рӯзгордида ашк ҳалқа зад. Шеър моли шоири тавоно устод Мирзо Турсунзода буд. Ашки шӯр аз соғари чашмони нимпӯшаш метаровид. Ман ҳам қатори вай ашк рехтам.

Ҳофиз бо алам мехонд:

Тифл мондам аз ту, модар, рӯи ту дар ёд нест,

Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест.

Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,

Чунки то имрӯз, модар, кӯи ту дар ёд нест.

Суруд поён ёфт, аммо ӯ ҳанӯз дар сурати пешин қарор дошт. Дар ангора худро медид, ки паҳлуи модари бемор нишаста, ба чеҳраи заъфаронаш менигарист…

Хеле дер ба олами ҳастӣ баргашт ва бо чашмони тару сурхшуда   саропои ҳар кадомамонро палмосид. Шояд ҳанӯз мусофири диёри хотираҳо буд ва баъд худро ба даст гирифт, табассуми пурдард дар лаб узр хост ва аз фавти модари хеш қисса кард.

«Модарам гоҳе ба дугонаҳояш мегуфт, ки агар дилат пур шавад, дар танҳоӣ гиря кун, то холӣ шудани дилат гиря кун. Гиря ғами дилро мезудояд. Агар инсон ғами дилашро набарорад, ғамбода мешавад».

Ман ба суҳбати онҳо гӯш медодам ва ба маънии ҳарфи модар дуруст сарфаҳм намерафтам. Инро баъди аз ин дунё рафтанаш эҳсос кардам. Солҳое, ки дар мактаб- интернати шаҳраки Ғарм таҳсил мекардам, рӯзи шанбе баъди анҷоми дарсҳо ба деҳа рафта, хонаро холӣ медидам. Касе пешвозам намегирифт, ба оғӯш намекашид, аз пешонаам намебӯсид ва намегуфт, ки «бачаи азизи ман, лоғар шудаӣ, шикамат гурусна монд». Шаб кӯрпаро ба сарам кашида мегиристам. Дар танҳоӣ аз чашми худиву бегона пинҳон хомӯшона мегиристам. Орзу мекардам, ки Худованд модарамро умри дубора диҳад ва аз дарс, ки омадам, ӯ назди дарвоза бо чеҳраи хандон пешвоз гирад. Даме ки ҳамроҳи яке аз ҷӯраҳоям ба хонаашон мерафтам, модари ӯ фарзандашро ба оғӯш мекашид, раъша домангирам мешуд. Фалаки номардро нафрин мегуфтам, пеши чашми онҳо базӯр худро ба даст мегирифтам, шабҳо ашк мерехтам. Сухани модарам рост буд, дар ҳамон ҳол хобам мебурд ва саҳарӣ худ­ро сабук ҳис мекардам. Донис­там, ки модари азизи ман ҳам дар дили шаб аз чашми ғаммоз пинҳон ашк мерехтаасту субҳдам байни мардум механдидааст. Баъдҳо ашъори мавлоно Ҳилолиро хондам ва як байташ панди модари биҳиштиямро ба ёдам овард:

Хуш, ки мехондӣ Ҳилолирову мерондӣ ба ноз,

Дар дарун пеши ту механдиду берун мегирист.

***

Синфи ҳафтумро дар мактаби деҳа хатм карду намедонист дар куҷо таҳсилро давом диҳад. Директори мактаби деҳа Носир Саид ба хонаи онҳо омад. Ҳамроҳи бародари калониаш суҳбат кард. Дар омади гап гуфт, ки писараш Маҳмадшокирро барои идомаи таҳсил ба интернати давлатии назди мактаби миёнаи рақами яки шаҳраки Ғарм мебарад. Агар иҷозат шавад, Ғиёсиддин ҳамроҳаш равад. Дар деҳа чӣ кор мекунад?

Аброриддин ба ҳарфҳои муаллим гӯш дод ва сукут варзид. Андешаҳои мағшуш азобаш медоданд. «Мардум чӣ мегӯянд? Бародарашро бароварду ба мактаби бесоҳибон дод. Магар бародар ба бародар чунин муносибат мекунад. Ҳайфи бачаи раис буданат…». Муаллим сулфид ва Аброриддин сар боло карду ба чеҳраи ӯ нигарист:

- Муаллим, шумо шароити хонаводаи моро медонед, — бо овози паст гуфт ӯ. — Бозёфтам шиками онҳоро сер намекунад. Барои таҳсил пул даркор, сарулибос…

- Ба ин тарафи масъала бепарво бош, — гапи ӯро бурид Носир Саид. — Давлати мо аз рӯзи таъсис ёфтанаш ғами ятимонро хӯрду мехӯрад. Барои онҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат мактаб сохтааст, ки бо номи интернат машҳуранд. Ин мактаб дар баробари ба бачаҳо додани таълиму тарбия соле як маротиба сарулибос ва ҳар рӯз се вақт хӯрок медиҳад. Яъне, бачаҳои интернат бачаҳои давлатанд.

- Акаи азиз, мардуми деҳа чӣ мегӯянд? — бо овози дардолуд суҳбатро идома дод Аброриддин. — Зӯраш ба нон додани як сағира нарасид. Додарашро ба сағирахона дод. Садқаи номи падар шавад.

- Паси гапи мардум нагард. Маҳмадшокири ман  ҳам меравад-ку. Магар вай ҳам сағира аст?

Рӯзи дигар  муаллим онҳоро ба шаҳраки Ғарм бурд. Мактаби рақами яки ноҳияи Ғарм  машҳуртарин муассисаи таълимии давр буд. Ҳамон мактабе, ки устод Муъмин Қаноат онро хатм карда буд. Шаш моҳи соли таҳсил дар мактаби нав сипарӣ нагардида буд, ки устодон истеъдоди ӯро пай бурданд ва ҳар кадоме талош мекард, ки аз фанни таълим мегуфтааш ба Ғиёсиддин бештар илм омӯзад. Мехостанд ин бачаи қобилиятнокро дигарон «шогирди фалонӣ» гӯянд.

Дар ҳуҷрае, ки Ғиёсиддин мезист, шумораи бачаҳо ба 23 нафар расид. Аз солҳои таҳсил дар интернат хотираҳои зиёд дорад.

Рӯзи якшанбе ба дидорбинии аммааш ба деҳаи Навдӣ рафт. Аммаи меҳрубон барояш дастархон тайёр кард. Садқаву банда шуд, мисли ҳар зани кӯҳис­тонӣ. То бегоҳ ҳамроҳи ҷиянҳо истод ва баъд ба роҳ баромад. Ҳарчанд маҷбур карданд, ки дар шаби сарди зимистон наравад, розӣ нашуд. «Агар саҳарӣ равам, аз дарс дер мемонам», — гуфт. Ба роҳ баромад. Баъди чанд лаҳза ба ҳуҷраи хоб ворид шуд, дари бухорӣ кушода ва дуди ғазноки ангишт ҳуҷраро пур карда буд. Бачаҳо аз олами ҳастӣ бехабар масти хоб буданд. Шитобзада дарро кушод ва  фарёд кард. Ҳар нафарро ном бурд. Аз санг садо буду аз онҳо не.  Палтояшро кашид ва ба навбат бачаҳоро пуштора карда, берун баровард. Бисту ду ҳамсабақи хешро саҳни хобгоҳ рӯи барфи сард хобонид ва баъд хастаҳолона паҳлуи онҳо дароз кашид. Аз сару рӯяш арақ мерехт. Дигар қуввати аз ҷо бархостан надошт. Гирумони вай бачаҳои дигар ҳуҷраҳоро бедор кард. Аз куҷое мураббӣ пайдо шуд. Бачаҳо ҳам ба ҳуш омаданд. Шукр, ки нафаре зарар надид, ҳама зинда буданд. Даст ба гиребон бурду шукрона кард. Мураббӣ бори аввал буд, ки ӯро самимона, модарвор ба оғӯш кашид ва баъд бо овози гиряолуд гуфт: «Ҳазор бор шукр умри бачаҳо дароз будааст, ту сабаб шудӣ. Агар сари вақт намеомадӣ, ҳафт пушти мо месӯхт».

Мехоҳам он пораи рӯзгори устодашро қисса кунам, ки барои ташкили Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология чӣ қадар талош кард, то ба куҷо рафт. Дар он даврон  на ҳар кас метавонист кореро ба ихтиёр анҷом диҳад. Иҷозатро аз Мас­кав мегирифтанд. Аммо ин кор ба академики Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Мансуров муяссар шуд.

Ғиёсиддин донишҷӯи соли панҷуми донишгоҳ буд. Академик Мансуров бо вуҷуди серкорӣ бо хоҳиши ректори Донишгоҳи тиббӣ ба донишҷӯён сабақ мегуфт. Тасодуфан мақолаҳои шогирдонаи Ғиёсиддинро хонду пушти  он навиштаҳои ҳанӯз пур аз камбудӣ симои ҷавони соҳибистеъдодро пайдо кард.

Академик аз зумраи он олимоне буд, ки ба донишҷӯёни сустхону миёнахон меҳр надошт. Агар миёнаравҳо аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки «фалониро тарбия кардан зарур», дар ҷавоб чизе намегуфт, вале донишҷӯи пешниҳодшударо меомӯхт, суҳбат мекард ва чун дар вуҷуди вай аз истеъдоду дониш чизе пайдо намекард, розӣ намешуд.

Қаҳрамони матлаб умед надош­т, ки рӯзе таваҷҷуҳи олими номдори кишвар ба як ҷавони кӯҳистонӣ, ки ҷуз истеъдоду дониши Худодода чизе надошт, зоҳир гардад. Охир дар зиндагӣ мушкилии зиёд кашида буд. Пастиву баландиҳоро медонист. Медонист, ки ҷавонони донишманд аз бепушту паноҳӣ ба ҷое намерасиданд….

Мансуров таҷрибаи хуб дошт ва донист, ки илмомӯзии ин ҷавони кӯҳистонӣ ҳавову ҳавас нест, балки ишқест, ки саропояшро фаро гирифтааст. Ғиёсиддини донишҷӯро ба пажӯҳишгоҳ овард. Донишҷӯ ходими маошхӯри пажӯҳишгоҳ! Инро на ҳар кас бовар мекард…

Суҳбат дар танҳоӣ барои вай дарвозаи нави илмро боз кард. Донист, ки ҳанӯз дар биёбони беканори илм як роҳрави ноқобилу коҳил аст. Муътақид гардид, ки маҳз мактаби ин марди бузург метавонад ӯро ба як роҳрави чобуку қобил, донишвару ҳунарманд табдил диҳад. Бо ҳидояти Мансуров ба корҳои илмӣ даст зад.  Оғози роҳи душворро пайдо карда буд ва нотарсонаву боҷуръа­тона ба ин пайроҳаи душворгузар қадам гузошт.

Имтиҳонҳои давлатӣ паси сар шуданд. Баҳои аъло гирифт. Дар имтиҳони охирин Ҳомид Мансуров ӯро саволборон кард. Шояд бори дигар шогирдашро дар ҳузури олимони номдор месанҷиду донистан мехост, ки мабодо дар интихоб иштибоҳ карда бошад. Лаҳзае, ки бо иҷозаи устодон аз дар баромадан мехост, Мансуров бо овози баланду ширадораш гуфт: «баъдтар сари қадам наздам даро, маслиҳат дорам».

Суҳбати кӯтоҳ роҳи ояндаи ӯро муайян кард. Ғиёсиддинро барои кори доимӣ ба пажӯҳишгоҳ даъват кард ва ӯ фаъолиятро дар ин даргоҳи пур аз масъулият ба ҳайси лаборант оғоз намуд. Ҳомид Мансуров ҳар қадами ӯро таҳти назорат гирифта буд. Намегузошт, ки як дақиқаи умрро ройгон сарф кунад.

Пажӯҳишгоҳ бо талошҳои академик Мансуров соҳиби асарҳои зиёди илмӣ гардида буд. Ҳамон солҳо зиёда аз бист номгӯй маҷаллаҳои илмӣ ба пажӯҳишгоҳ дастрас мешуд. Аксар мақолаҳои илмӣ бо забони англисӣ нашр мешуданд. Ғиёсиддин зарурати донистани забони англисиро дарк кард. Дарк кард, ки маҳз ҳамин забон метавонад барои кушодани уқдаҳои маҳкам мадад намояд. Барои омӯхтани забон муаллиме лозим буд, ки дарси иловагӣ диҳад ва шогирд вазифадор буд, ки дастмузди омӯзгорро аз ҷайбаш пардозад. Маоши кироӣ намегирифт, аз ҷои дигар даромад набуд. То ҷое дар муддати як сол донишро аз забони англисӣ мукаммал гардонд. Акнун вай бо ин забон на танҳо озодона ҳарф мезад, балки мақолоти хондаашро бе душворӣ тарҷума мекард.

Мансуров охири сол ба вай тавсия дод, ки барои дохил шудан ба аспирантура ҳуҷҷатҳояшро тайёр кунад. Бо дастгирӣ ва тавсияи ин марди бузург Ғиёсиддини ҷавон соли 1968 аспиранти  Донишгоҳи тиббии ба номи  И. М. Сеченови шаҳри Москва гардид.

Таҳсил дар шаҳри овозадори Москва кори осон набуд. Барои ҷавононе, ки пайи дарёфти илм меомаданд,  ҷаҳони дигар дарвозаашро ба рӯяшон боз менамуд. Муҳити дигар, муносибати дигар ва ҳамсабақону ҳамнишинони бегона. Он айём ба кишвари шӯравӣ аз аксар кишварҳои олам толибилмон меомаданд. На ҳар кас метавонист дар он муҳит худро ба даст гирифта, ба мушкилоти рӯ ба рӯяш қарордошта тоб биёрад. Вай дар он ҷо эҳсоси бегонагӣ накард.  Бо ахлоқи ҳамидаву истеъдоди худодод зуд ба дили шиносҳои нав ҷо гирифт. Миёни қавму миллатҳои гуногун дӯстони зиёд пайдо кард. Олимони машҳури олам ба онҳо сабақ мегуфтанд. Роҳбараш В. В. Серов, дар баробари донишмандӣ, марди меҳрубони дилсӯз буд. Пайваста аз аҳволаш хабардорӣ мекард, аммо сахтгиру серталаб буд.

 ***

Котиба аз дар намудор шуд.

- Муаллим, мӯйсафеди бемор назди шумо даромаданист.

- Бигӯ дарояд, — оромона мегӯяд ӯ.

Ман аз ҷо мехезам, аммо дилам ба рафтан моил нест. Мехоҳам бубинам ва бишнавам, ки ӯ бо мардуми бемор чӣ муносибат дорад.

- Агар иҷозат медодед, ҳангоми муоинаи чанд бемор ҳамроҳи Шумо мемондам.

Бо аломати ризо сар меҷунбонад ва ман дар як гӯшаи дафтари корӣ қарор мегирам. Пирамарди асобадаст медарояд. Ба пешвозаш аз ҷо мехезад.

- Аҷаб ҷавонмарди хубе ҳастед, — мегӯяд пирамард. — Суҳбати Шумо бароям табобат аст. Ин дафъа низ бовар дорам, ки қудрати суханҳоятон дардамро даво мекунад. Охир ман тирамоҳи соли гузашта  ба наваду ҳафт даромадам. Тамоми умр боре  на шикамдард шудам, на дарди меъда, вале имсол ана ин ҷоям (ба шикамаш ишора мекунад) сӯзиш пайдо кардааст. Мегум як хатти рост аз ин тараф то он тараф месӯзад.

Устод Мироҷов ба назди пирамард меояду ҷои нишондодаашро муоина мекунад ва ба лаҳни зебо мегӯяд:

- Ба наваду ҳафт даромадед?

- Бале Ғиёсиддини ҷон, дар зиндагӣ шоҳиди воқеаҳои зиёд будам. Таърихи якасраи кишварро ёд дорам.

- Як аср умр бинаму дар ин ҷои баданам сӯзишеро ҳис кунам, тӯй медиҳам, — табассум дар лаб гуфт устод Мироҷов. — Магар тани гарм бе дард мешавад? Шумо фаромӯш накунед, ки  узвҳои дарунӣ бароятон як аср хизмат кардаанд. Ба таъмир ниёз доранд. Агар мо мошини сабукрави худро ҳар сол таъмир накунем, корношоям мешавад. Аъзои бадани инсон низ ба таъмир, ба табобат ниёз дорад.

Ӯ тарзе сухан мегуфт, ки бинанда гумон мекард бо мӯйсафед ошнои дерин аст.

Пирамард самимона хандид.

- Рост мегӯед! Лекин инсон ҳар қадар пир мешудааст, зиндагиро бештар дӯст медоштааст.

- Ташвиши шумо кирои ғам хӯрдан намекунад, як-ду дору менависам, мехӯред мисли пештара бақувват мешавед.

Ҳанӯз атрофи суханҳои пир меандешидам, ки дар кушода шуд ва чеҳраи ҷавонзани зебое намудор гардид, ки қудрати роҳгардӣ надошт. Ҷавонмарде аз таги бозуяш гирифта буд. Дар чашмони зебои бемор осори яъсу ноумедӣ ҳувайдо буд. Ӯ аз ҷо баланд шуд ва дафтари муоина гузашт. Дар кушода буд ва медидам, ки рӯ ба рӯи бемор нишаста, ба чашмони ӯ менигарад.  Лаҳзае ба чеҳраи ҷавонзан, ки аз зӯрии дард ранг мегардонд, нигаристу лаб ба сухан кушод. Суханашро бо байти зебое оғоз намуд. Ҳарф мезаду медидам, ки батадриҷ чеҳраи бемор тағйир меёфт. Гоҳе барояш пораи шеъре мехонду гоҳе падарона андарзаш мегуфт. Билониҳоя дидам, ки дар лабони ҷавонзан табассум гул кард. Аз таърихи бемориаш пурсид. Аз шавҳару фарзандонаш.  Баъд маслиҳат дод, ки як бор узвҳои ҳозимаро аз ташхис гузаронда, хулосаи мутахассисонро гирифта наздаш биёяд. Дар хатми сухан ба ӯ гуфт, ки шифо меёбед, духтарам, гул барин мешавед, фақат худро бой надиҳед. Дар бораи бемор буданат бисёр андеша накун, ба зиндагӣ аз равзанаи умед нигар.

Устод бо бемор суҳбат мекард, ман дар ҳайрат мемондам, зеро аз он хастагие, ки саҳар дар симояш дида будам, осоре намонда буд . Бемор батадриҷ ба худ меомад. Шояд дар он соат дардро фаромӯш карда буд, ё дард аз ҳайбати набераи Синои бузург рӯ ба фирор оварда буд. Ҷавонзан аз ҷо бархост. Ҳамроҳаш хост аз зери бағалаш гираду асояш шавад, вале рад кард…  Яке аз усулҳои табобати Ғиёсиддин Мироҷов ҳамин аст. Метавонад бо қудрати сухан афтодаро ба по хезонад.

- Устод ин қадар шеърро кай аз ёд кардаед? — мавзӯи суҳбатро дигар мекунам. — Бо ин ҳама серкорӣ вақт ёфтану китоб хондан, хосса ашъори пешиниён ва муосирро азёд кардан… Аҳсан ба шумо… Медонам, ки шеър ҳам мегӯед.

- Ҳанӯз бачаи мактабхон будам, ки дар дилам ҳаваси шеър гуфтан пайдо шуд. Муаллими мо Мадалӣ Саид инсони бузург буд. Маҳз таъсири ӯ буд ё ишқ ба осори ниёкон, ки пайваста мехондам. Рӯзҳое, ки деҳа мерафтам, китобхониам рӯзона муяссар намешуд. Аз саҳар то бегоҳ ба корҳои бародарам Аброриддин ёрӣ медодам. Шаб дар равшании чароғи керосинӣ гоҳ аз «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии бузургвор, гоҳе «Шоҳнома»-ву гоҳе девони Хоҷа Ҳофизро мегирифтаму то як поси шаб мехондам. Пораҳои ба худам писандро ба дафтаре кӯчонда  аз ёд мекардам.

Хоҷа Ҳофизро бисёр дӯст медорам. Даврони шабоб китоби ӯ ҳамеша ҳамроҳам буд. Дар шодиву ғам ғазалҳои ӯро мехондаму ба саволҳои хеш ҷавоб меёфтам. Ғами дилам гум мешуд. Гумон мекунам касе ба мисли Ҳофизи бузургвор ғазал насурудааст. Худатон қазоват кунед:

Зулф ошуфтаву хай кардаву хандонлабу маст,

Пираҳанчоку ғазалхону суроҳӣ дар даст.

Наргисаш арбадаҷӯю лабаш афсӯскунон,

Нимишаб дӯш ба болини ман омад, бинишаст.

Сар фарогӯши ман оварду ба овози ҳазин.

Гуфт: — Эй ошиқи деринаи ман хобат ҳаст?…

Магар аз ин зеботар гуфтан мумкин аст? Булбули Шероз дар ашъори хеш ба мавзӯъҳои ба инсон марбутбуда ғазал гуфтаву дурри маънӣ суфтааст.

Пас аз ошноӣ бо ашъори бузургон ва дарки маънии сухани онҳо  дарк кардам, ки бузургтарин ганҷинаи инсон сухан будааст ва сухан метавонад ба бемор шифо бахшад. Инро борҳо таҷриба намудам ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки бояд табибон суханвару доно бошанд. Сухани таъсирбахш аз ҳар гуна дору бештар дармонбахш аст.

Дар як маҳфил, ки шахсиятҳои маъруф ширкат доштанд, сухан гуфтам. Суханамро бо шеър оғоз кардаму  фарҷомаш низ шеър буд. Яке аз роҳбарон баъди аз минбар фаромаданам бо киноя гуфт, ки «Хуб мебуд, Мироҷов директори Инс­титути забон ва адабиёт бошад». Тарафи ӯ нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфтам:

- Раҳмат ба шумо, имрӯз директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ҳастам ва шумо хуб пай бурдед, ки истеъдоди ба Институти забону адабиёт роҳбарӣ карданро ҳам дорам. Он рафиқ хиҷолат кашид. Дар ҷавоб чизе нагуфт. Ба қавли пирони деҳ, «малоикаҳои даргузар омин гуфтанд», ки баъди чанде бовар карда,  маро ба вазифаи президенти Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карданд.

Баъди як соли роҳбарии академик Мироҷов собиқ вазири тандурус­тӣ Н. Салимов дар ҷамъбасти сол ба фаъолияти Академияи илмҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо дод:

«Бояд қайд кард, ки то таъсис­ёбии Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустӣ ба неруи бузурги илми тиб нигоҳ накарда, корҳои илмӣ дар соҳаи тиб ва тандурустӣ на он қадар ба талаботи замона ҷавобгӯ буда, ба таври номуташаккил пеш бурда мешуданд…

Ҳисоботи солонаи Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 бори дигар собит намуд, ки воқеан ҳам, таъсиси академияи соҳавӣ метавонад дар оянда ба такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илми тиб ва умуман соҳаи тандурустӣ дар кишвар мусоидат намояд».

Баҳо ба фаъолияти академияи навтаъсис ин баҳо ба роҳбарии яксолаи академик Ғиёсиддин Мироҷов буд…