Суманак

№29 (3175) 21.03.2014

Дӯст медорам туро, эй шарбати фасли баҳор,

Суманак, эй ҳадяи наврӯзии Парвардигор.

Ҳар гаҳе таъмат чашам, рӯҳам гуворо мешавад,

Лаззати ту кай равад аз ёд дар ин рӯзгор.

Меҳри инсонию ишқи поки Яздон дорад он,

Дар вуҷудаш малҳаме аз баҳри инсон дорад он.

Баски аз нуқли биҳишт асту дили пурмеҳри зан,

Во аҷаб дар шарбаташ  сад сир пинҳон дорад он.

Бо муроди неки инсонӣ аз он лаззат баред,

Бо умеди рӯзии сонӣ аз он лаззат баред.

Шаҳсуруди навбаҳору заҳмати шабҳои тор,

Суманак бошад, ба арзонӣ аз он лаззат баред!

Давлати Султон