Ақибмондаҳо аз пешсафон ибрат гиранд, вазъият ислоҳ мешавад
Пахтакорӣ аз ҷумлаи соҳаҳои асосии кишоварзии ҷумҳурӣ маҳсуб гардида, дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ба ин васила ғанӣ гардидани буҷети мамлакат нақши муҳим дорад. Ҳоло тирамоҳи заррин ҳукм меронаду барои деҳқони пахтакор айёми ҳосилғундорист.
Вазъи ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ чӣ гуна аст? Пешсафону ақибмондаҳои ин маъракаи муҳим киҳоянд? Оё бо вазъи имрӯзаи ҳосилғундорӣ нақшаи дурнамои истеҳсоли пахта дар соли 2015 иҷро мешавад? Ба ин ва дигар саволҳоямон аз масъулони соҳа дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷӯёи посух шудем:
- Ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. Тибқи маълумот оид ба рафти ҷамъоварии пахта, дар ҷумҳурӣ то 9 октябри соли 2015 ҳосили ғундошта 211750 тоннаро ташкил намуда, нақшаи дурнамои истеҳсоли пахта 53,2 фоиз иҷро шудааст, — иброз дошт ба хабарнигори рӯзнома муовини сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каромиддин Холов ва ба суханаш идома дод: — Ҳарчанд ҳосили ҷамъоваришуда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 26153 тонна кам бошад ҳам, суръати торафт афзояндаи ҳосилғундорӣ шаҳодат медиҳад, ки қафомонӣ вақтҳои наздик бартараф мешавад.
Имсол дар ҷумҳурӣ майдони кишти чигит 159640 гектарро фаро гирифтааст ва мувофиқи дурнамо бояд 398220 тонна пахта ҷамъоварӣ гардад. Дар маъракаи ҷамъоварии «тиллои сафед» ҳоло деҳқонони матиниродаи вилояти Хатлон пешсаф мебошанд. Онҳо то 9 октябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба андозаи 55,3 фоиз иҷро карда, 152096 тонна ҳосил ғундоштаанд. Деҳқонони вилояти Суғд то ин муддат нақшаро 49,4 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба андозаи 39,4 фоиз ба иҷро расонидаанд.
Ба маълумоти ҷамъоварии пахта чашм медӯзаму пешсафонро меҷӯям. Пешсафони маъракаи ҳосилғундорӣ деҳқонони шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд буда, дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҳама пеш нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кардаанд. Пахтакорони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Турсунзода, Бохтар, Шаҳритуз, Қубодиён, Ёвон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Хуросон, Ҷ. Расулов низ аз ҷумлаи пешқадамон мебошанд. Онҳо суръати пахтачиниро бо истифода аз обу ҳавои мусоид суръат бахшидаанд ва тадриҷан ба фатҳи марра наздик мешаванд.
Обу ҳавои имсола барои деҳқонон мусоид бошад ҳам, деҳқонони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Кӯлоб, Ҳисор, Рӯдакӣ, Зафаробод, Шаҳринав аз он самаранок истифода намекунанд. Суръати пахтачинӣ дар шаҳру ноҳияҳои номбурда суст буда, боиси қафомонии иҷрои нақша гардидааст.
Пахта бойигарии умумихалқист. Бинобар ин, айёми ғунучини ҳосили пахта дар паҳлуи деҳқон будан, дасти ёрӣ ба ӯ дароз кардан басо амри хайру савоб аст. Аз маълумоти ҷараёни ҳосилғундорӣ баръало маълум аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои пешсаф, баробар бо саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, шахсони алоҳида, кормандони ташкилоту идораҳо (рӯзҳои истироҳат) дар ғунучини ҳосил фаъолона иштирок мекунанд. Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда рӯзи 9 октябр 159999 нафар дар саҳро пахта чидаанд.
Ҳоло ниҳолҳои пахта ғарқи ҳосиланд ва зарур аст, ки ин ҳосил беталаф ҷамъоварӣ гардад. Агар дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ дили сокинонашон ба меҳнати деҳқонон сӯзаду ба кумаки марди деҳқон шитобанд, ҳам ҳосил беталафу сари вақт ҷамъоварӣ мешавад ва ҳам иҷрои дурнамо таъмин мегардад. Бояд гуфт, ки хоҷагиҳои пахтакор барои ҳар кило пахта маблағи хуб таъин намудаанд, онҳое, ки сидқан меҳнат карда, пахтаи зиёд мечинанд, соҳиби даромади хуб ҳам мешаванд.
Солҳои пеш дар шаҳру ноҳияҳо ба шарафи ғолибони даҳаи пахтачинӣ байрақи зафар афрохта мешуд ва онҳо соҳиби мукофотҳои калони пулӣ мегардиданд. Ин анъана дар як қатор шаҳру ноҳияҳо имсол ҳам роиҷ аст. Хеле хуб мебуд, дигарон низ ба онҳо пайравӣ мекарданд. Дар натиҷа, деҳқон ҳавасманд мешуд ва суръати ғунучини ҳосил низ меафзуд.
Каромиддин Холов як саҳифа маълумотномаро оид ба ҳосили интизории (биологии) пахта дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2015 дар ихтиёрам гузошт. Аз маълумотномаи зикршуда бармеояд, ки ҳосили интизории имсолаи пахта аз ҳар гектар 23,21 сентнерро ташкил хоҳад кард. Ин кам аст ё зиёд?
Албатта, дар муқоиса бо солҳои пеш ин рақам хеле кам аст, вале дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозорӣ рақами дар боло зикршуда моро ба андеша мебарад. Ба назари инҷониб, омилҳое мавҷуданд, ки ба ҳосилнокии замин таъсири бевосита мерасонанд ва онҳо боис мегарданд, ки деҳқон ҳарчанд меҳнати шабонарӯзии зиёд кунад ҳам, ҳосили дилхоҳ рӯёнида наметавонад. Мехоҳам каме ҳам бошад, ба ин масъала равшанӣ андозем.
Давоми солҳои охир барои муваффақона гузаронидани кишти чигит ва нигоҳубини пахта корхонаҳои пахтатозакунӣ ва сармоягузорон барои як гектар замин 350-400 доллари ИМА маблағ ҷудо мекунанд. Барои аз як гектар гирифтани ҳосили 30-35 сентнерӣ бошад, бояд ба замин 300 кг нуриҳои фосфорӣ, 100 кг нуриҳои калийдор ва 300 кг нуриҳои азотӣ истифода шавад. Бинобар норасоӣ ва набудани маблағи зарурӣ хоҷагиҳои пахтакор ҳамагӣ 250 — 300 кг нурӣ истифода мебаранд, ки ин миқдор нурии минералӣ барои ба даст овардани ҳосили баланд имкон намедиҳад. Дуруст ба роҳ намондани фаъолияти заҳкашу заҳбурҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ низ омили дигари манфӣ барои нашъунамои пахта мебошад. Паст шудани нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ ҳавасмандии хоҷагиҳои пахтакорро сол то сол коҳиш дода, ба камшавии майдонҳои кишти пахта сабаб гардидааст. Имрӯз аксари хоҷагиҳои пахтакор аз ҳисоби худмаблағгузорӣ ба ин соҳаи заҳматталаб машғуланд, ки бо чунин вазъ ба рушди соҳа муяссар шудан маҳол аст.
Бо ҳар роҳе бошад, деҳқонон имсол ҳосили фаровон парвариш кардаанд ва ҳоло авҷи ҳосилғундорист ва бо истифода аз ҳавои мусоиди тирамоҳ ҳар рӯзро ғанимат шумурда, тамоми кӯшишу ғайратро ба сари вақту беталаф ҷамъоварӣ кардани пахта сафарбар намудан лозим аст, то ин ки заҳмати кашидаи деҳқонон баръабас наравад.
А. МУРОДОВ, «Садои мардум»