Дар шаҳри Конибодом минтақае мавҷуд мебошад, ки онро «Тӯғай» меноманд. Дар он ҷо наздик ба 1000 гектар замини корам мавҷуд аст. Дар замони шӯравӣ аз он деҳқонон ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ мегирифтанд. Аммо солҳои охир бар асари дуруст корбарӣ нашудан он ба тӯғайзори ҳақиқӣ табдил ёфт. Зимистони имсол раиси навтаъини шаҳр Зафарбек Давлатзода зимни боздид аз минтақа қарор дод, ки ба ҳар заҳмату қимате бошад макони ноободро сарсабз кунад.
- Ҳамин тариқ, бо ташаббуси раиси шаҳр ҳашари умумӣ эълон шуд, — ёддоварӣ мекунад он рӯзҳоро сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Ҳусейнбой Латифов ва идома медиҳад, — сокинон ҳам аз ният огаҳ шуда, сарҷамъона ба ҳашар баромаданд.
Дар баробари корҳои азнавбарқароркунии замин пойгоҳи обкашии минтақа бо иқтидори 760 литр/сония об аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Миробҳои шаҳр Наврӯзи оламафрӯзро дар ин ҷо қайд карда, номи онро, ки қаблан «Пойменный» буд, ба «Наврӯз» иваз намуданд.
- Иловатан ба пойгоҳ насоси обкашӣ насб кардем. Акнун иқтидори он ба 100 литр/сония об расид, — мегӯяд сармуҳандиси Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Баҳром Алиев.
Бино ба гуфти масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия, айни ҳол дар минтақаи «Тӯғай» дар масоҳати 300 гектар зироати пахтаву 300 гектар ғалладонагиҳо ва 100 гектар полезиву 120 гектар хӯроки чорво парвариш меёбад.
Калонтарин хоҷагии деҳқонии минтақа ба номи З. Шарифов мебошад. Бино ба гуфти муовини роҳбари хоҷагӣ Боҳирҷон Зокиров, аҳли заҳмати он соли равон дар масоҳати 100 гектар пахтаву шолӣ ва хӯроки чорво кишт карданд.
Ҳоло дар хоҷагӣ ҳосилғундорӣ дар авҷ аст. Хирмани оростаи пахтаи хоҷагӣ беш аз 50 тоннаро ташкил медиҳад. Занон-даравгарони чобукдаст шолӣ дарав карда истодаанд.
- Ниятамон нек — оростани хирмани сад тонна «тиллои сафед» ва рӯёнидани 50 — сентнерӣ шолӣ аз ҳар гектар шолизор аст, — мегӯяд Ҳ. Латифов
Ёдовар мешавем, ки соли равон пахтакорони шаҳри Конибодом аҳд кардаанд, ки 14 ҳазор тонна пахтаи аълосифат ба даст оранд. Онҳо то ҳол беш аз 5000 тонна пахта ғундоштаанд.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»