Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд корҳои зиёд ба сомон расиданд. Аммо, тавре ки мегӯянд, ҷое ки кор аст, хоҳу нохоҳ камбудӣ низ ба назар мерасад. Бинобар ин, суҳбати хабарнигорамон бо сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯйчӣ Иброимов норасоиҳои мавҷуда ва роҳи ҳалли онҳоро дар бар гирифт.
-Тӯйчӣ Аҳадович, тайи даҳ моҳи соли равон дар соҳаи тандурустии вилоят кадом камбудию норасоиҳо ошкор гардиданд?
- Маҷмӯан, дар ин давра 56 санҷиши нақшавӣ гузаронида шуд. 20-то дар муассисаҳои давлатӣ ва 36 маротиба дар муассисаҳои хусусӣ. Мутаассифона, бо вуҷуди дастгирии ҳамаҷониба аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ камбудиву норасоӣ ҳам дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва ҳам хусусӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, маълумоти кофӣ надоштани кормандон оид ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷуд набудани дастурамали вазифавӣ, истифода нашудани лавозимоти яккарата истифодашаванда дар бархе аз ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ ва ғайра.
Ба ҳамин монанд, дар бархе аз идораҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ (КАТС) камбудиҳои ҷиддӣ, ба монанди норасоии духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ ба назар расиданд. Тибқи қонунгузории амалкунанда ба 1500 нафар аҳолӣ бояд як духтур ва ду ҳамшираи тибби оилавӣ хизмат расонад. Аммо санҷишҳо нишон доданд, ки дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ба 3 ҳазор аҳолӣ як духтури тибби оилавӣ рост меояду халос. Ба ҳамин монанд, сатҳ ва сифати назорати диспансерӣ, солимгардонии нафарони маъюб, бемориҳои музмин ва наврасони бемор беҳбудӣ металабад.
- Риояи санадҳои клиникӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?
- Дар ин ҷода низ камбудиҳо ба назар мерасанд. Аниқтараш, гарчанде ҳама табибони муассисаҳои КАТС-и шаҳру навоҳии вилоят бо дастурҳои лозима таъмин бошанд ҳам, аммо на ҳама вақт муоина ва табобати беморон аз рӯи санадҳои амалкунанда роҳандозӣ мегардад. Дар ин бобат мониторингҳои воридотӣ гузаронида намешаванд. Бинобар ин, теъдоди воридоти санадҳои клиникӣ аз 35 то 52 дарсадро ташкил доданд. Ин ҳолат дар ноҳияҳои дурдаст ташвишовар боқӣ мондааст.
- Аз рӯи маълумоти мавҷуда баъзан санҷишҳои ғайринақшавӣ низ гузаронида мешудаанд. Оид ба натиҷаи онҳо низ чанд сухан мегуфтед?
- Соли ҷорӣ санҷишҳои ғайринақшавии муштарак бо дархости Прокуратураи вилояти Суғд дар ду самт — вазъи фавти модару кӯдак ва додани гурӯҳҳои маъюбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Конибодом ва Гулистону Ҷаббор Расулов гузаронда шуданд. Дар баробари ин, маълум гардид, ки ҳолати риоя нагардидани талаботу меъёрҳои амалкунанда дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар вақти корӣ набудани кормандон, дар шуъбаҳои эҳёгарӣ шабона хоб рафтани духтурони навбатдор, нодуруст расонидани ёрии аввалини тиббии бефарқона ва амсоли инҳо, хусусан, аз тарафи мутахассисони ҷавон бештар ба назар мерасанд.
- Оё фаъолияти табибони халқӣ низ мавриди санҷиш қарор мегиранд?
- Бале, зимни санҷиш фаъолияти ду нафар табиби халқӣ аз шаҳри Исфара (Муташамахон Кенҷаева ва Равшан Асроров), ки барои бе иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сертификати табиби халқӣ фаъолият кардаанд, аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Исфара бо моддаи 122 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, ҷарима гардиданд. Тавассути рейди фаврӣ фаъолияти соҳибкори инфиродӣ — табиби халқӣ Б. Умурзоқов низ аз ноҳияи Спитамен мавриди санҷиш қарор гирифт. Умуман, санҷишҳо дар ин ҷода муайян намуданд, ки бархе аз табибони халқӣ зимни фаъолият аз дастурамали уҳдадории вазифавӣ истифода намебаранд ва ё онро надоранд. Реҷаи кор ва дафтари арзу шикоят низ дар коргоҳҳои бисёре аз онҳо ба назар намерасанд. Бархе аз табибони халқӣ ҳатто дар бораи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоранд.
- Муроҷиатҳо тавассути «телефони боварӣ» бештар оид ба кадом масъалаанд?
- Қобили зикр аст, ки муроҷиати шаҳрвандон тавассути «телефони боварӣ», ки рақамаш (93) 770-62-00 мебошад, афзудааст. Масалан, дар тӯли даҳ моҳ зиёда аз 20 занг ба қайд гирифта шуд, ки муҳтавои асосии онҳо шикоят аз сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии ҳам давлативу ҳам хусусӣ, ғайриқонунӣ талаб кардани музди иловагӣ аз ҷониби бархе аз табибон ва ғайра мебошанд, ки доир ба ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
- Далелҳои манъ кардани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ низ вуҷуд доранд?
- Бале.
- Бо кадом сабабҳо?
- Норасоии мутахассисони доимӣ, номутобиқ будани ҳуҷраҳо, бахусус стоматологӣ ба талабот ва қарор доштани ҳуҷраҳо дар ҳолати ғайрисанитарӣ, ки дар бархе аз муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Айниву Спитамен ба назар расиданд. Масалан, ҳуҷраи стоматологии Маркази саломатии №1-и шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ ба талабот мутобиқ набуд, дар ҳуҷраи стоматологии Маркази саломатии деҳоти «Такфон»-и ин ноҳия мутахассисон намерасанд. Ё ин ки шуъбаи стоматологии Маркази саломатии ноҳияи Спитамен дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дошт, ки фаъолияти он манъ карда шуд. Умуман, дар тӯли даҳ моҳ фаъолияти 5 муассисаи тандурустӣ боздошта шуд, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 2 ададро ташкил медод.
- Камбудиҳои ҷойдошта ислоҳшавандаанд ё…?
- Албатта, ислоҳшавандаанд. Танҳо барои ҳалли пурраю ҳар чӣ зудтари онҳо кӯшишу ғайрат ва масъулиятшиносии масъулон зарур аст. Масалан, дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳ доштани муассиса камоли бемасъулиятӣ аст. Ё ин ки ба таври бояду шояд надонистани Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муғамбириву бепарвоӣ дарак медиҳад. Ислоҳи ин гуна камбудиҳо маблағ талаб намекунад, аммо норасоии мутахассисон андешидани чораҳои ҷиддиро тақозо менамояд. Дуруст аст, ки аксар мутахассисон аз камии маош шикоят мекунанд. Лекин фаромӯш набояд кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ислоҳи ин ҳолат «қарори рақами 600»-ро ба тасвиб расонд. Ҳавасмандии иловагии табибон аз татбиқи он ба мақсад мувофиқ аст. Ногуфта намонад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, дастгирии зиёд мекунанд. Барои далел кофист, бигӯем, ки қисми асосии Буҷети давлатӣ ба ин соҳаҳо равона шудааст.
- Боз чӣ гуфтание доред?
- Зимни санҷишҳои нақшавию ғайринақшавӣ ва фаврӣ ҳолати дигареро низ мушоҳида кардем, ки ислоҳаш зарур аст. Он бистарикунонии беморон бе роҳхати муассисаи тиббии маҳал мебошад. Мушоҳида гардид, ки бархе бо бемории одӣ, ки метавон онро дар шароити маҳал муолиҷа кард, ба муассисаҳои тиббии вилоятиву ҷумҳуриявӣ муроҷиат карда, бо харҷи калон табобат мегиранд. Ҳол он ки дар яке аз мушовараҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин бора сухан рафт ва сардухтурон муваззаф гардиданд, ки минбаъд беморонро дар асоси роҳхати духтурони тибби оилавӣ қабул намоянд.
Суҳбаторо А. САМАРИДДИН,
«Садои мардум»