Умри инсон ниҳоят кӯтоҳ аст ва бояд онро тавре сипарӣ кард, ки ҳар дақиқааш мисли лаҳзаи ноби зиндагӣ хотирмону ҷолиб дар зеҳн нақш бандад. Бахусус, имрӯзҳо, ки ҷаҳолату зулмот аз сӯе дар шакли ҷангу ҷидол ва аз сӯи дигар дар шакли хурофот дунёи равшанро иҳота карда, хушиҳои зиндагии инсониятро халалдор месозад. Мардум муштоқи иду маросими хурсандист ва бештар аз ҳама аксари одамон баъди сармои зимистон омад-омади баҳори нозанинро пазмон мешаванд. Дар ин фасли бедоршавии табиат иди Наврӯз бар дилҳо сурур мебахшад. Лек ҳамеша ҳар хайре, ки набошад, ҳамзамон шарре низ дунболгири он аст ва ё баъзе ашхос табиатан шодию сурури мардумро дида наметавонанд. Бинобар ин, бо ҳар роҳе, ки набошад, саъй мекунанд, то монеи хурсандиҳои мардум гашта, аз вуҷуди худ дараке диҳанд.
Имрӯз дар сомонаи «Тоҷнюс» қозии собиқи ҷумҳурӣ Акбари Тӯраҷонзода дар мавриди ҷашни иди Наврӯз изҳори андеша намуда, гуфтааст, ки агар ин ид дар шакли динӣ, яъне аз нигоҳи дини Зардуштӣ таҷлил гардад, пас он ҳаром хонда мешавад, аммо агар ҳамчун иди миллӣ ва иди баҳор ҷашн гиранд, пас ин зараре надорад. То ҷое, ки маълум аст, аз қадимулайём иди Наврӯз дар сар то сари кишвар ҳамчун иди миллӣ таҷлил мегардад – мардум аз тозагиву поккориҳо шурӯъ карда, ба ҳамдигар ҳадяҳо медиҳанд, кинаву адоватро аз қалбҳояшон дур афканда, ҳамдигарро мебахшанд, хӯрокҳои лазиз пухта, хонҳо ороста, ҳамдигарро зиёфат медиҳанд, ба сайру саёҳати табиат мебароянд. Магар ин ҳама амали зишт аст, ки ҳаром хонда шавад? Магар мардумони Эрону Афғонистон бо ҷашн гирифтани иди Наврӯз амали ҳаром анҷом медиҳанд? Дар ислом бахшидани ҳар муъмин амали ҳасана шуморида мешавад ва умуман ҳар иқдоме, ки дар ин ҷашн гирифта мешавад, иқдоми нек аст. Бинобар ин, ба ин масъала дахл намудани қозии собиқро амали дур аз мантиқ мешуморам, зеро қабл аз баёни ҳар фикре ӯ бояд андеша мекард, ки мабодо ин ақида боиси ранҷиши бародарони эрониву афғонамон нагардад…
Бароям норавшан аст, оё зарур аст, ки олими дин дар ҳар маврид андешаронӣ кунад? Аз нигоҳи ӯ соли нави мелодӣ, иди ошиқон, иди занон, фаъолияти бонкӣ, тарзи либоспӯшӣ, роҳгардӣ, хобравӣ, хӯрокхӯрӣ, хӯроккашӣ, … ҳамаи ин амалҳо ҳарому мамнуъ дониста шудааст. Дигар мардум аз ин ривоятҳои «гуногунсоҳаву доманадор»-и экс-қозӣ хаста шудаанд. Магар намешавад ҷойи ин ҳама сафсатаҳо як-ду ҳарфи бамавриду баҷо зад? Ҳар каломе, ки аз забони Акбари Тӯраҷон берун меояд, ҳатман оромии ҷомеаи имрӯзаи кишварамонро халалдор мекунад. Боязиди Бастомӣ дар бораи чунин «тӯтиҳои ислом» гуфтааст: «Дуртарин афрод аз Худо касоне ҳастанд, ки беш аз ҳама дар бораи Ӯ сухан меронанд». Воқеан, имрӯзҳо диндориву мусулмонии бештари одамон танҳо дар зоҳир аст, яке намозхониашро реклама мекунаду дигаре ришу ҳиҷобашро. Агар дар асл бубинӣ, худотарсию худоҷӯйи онҳо бештар дар гуфторашон зоҳир мешавад, на дар кирдорашон. Хуб мебуд, агар Акбари Тӯраҷон ба ҷойи беҳудагӯӣ ин қабил мусулмонони зоҳириро талқин мекард, ки худнамоӣ накарда, ба кори аслии хеш пардозанд.
Меҳрубони Қосим