Вокуниш

Таҳаммулпазирӣ хоси ҳанафимазҳабон аст

№ 21.08.2013

4919892510_45f9559fd7Чанде қабл, аниқтараш 15 августи соли равон, дар Кохи Ваҳдат бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятӣ ва дастгирии САҲА дар Тоҷикистон ҷаласаи «Маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ» баргузор гардид. Мавзуи баҳс ва баррасии ҷаласа «Муносибати давлат ва дин дар ҷомеа» буд. Дар ин ҷаласа Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймурод Фаттоев бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, вобаста ба нақши дин дар ҷомеа, муносибати давлат ба дин изҳори ақида намуданд.

Ҳамчунин, ҳангоми баррасии ин масъала С. Фаттоев иброз дошт, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар 4 июли соли равон вобаста ба муносиботи давлат ва дин таъкид кард, ки давлати Тоҷикистон барои бароварда кардани ниёзҳои динии мусулмонон ва намояндагони дигар мазҳабу динҳои кишвар тадбирҳои сершумор амалӣ намудааст ва хоҳад кард.

Бо ишора ба гуфтаҳои Сарвари давлат ва ҳаводиси хунини олами араб С. Фаттоев афзуд, ки барои оромиш ва субот дар ҷомеа принсипи дунявият аз ҳама беҳтар аст. Чунки дар ҷомеаи дунявӣ ҳар нафар дар интихоби ақидаи динӣ ва ҷаҳонбинӣ озод аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ақидаи худро ба дигарон таҳмил кунад. Ҳангоми муҳокимаронӣ дар мавриди эҳтиром гузоштан ба арзишҳои динию мазҳабӣ таъкид шуд, ки дар мавриди дину диёнат, мазҳабу ҷараёнҳо ботаҳаммул бошем, аз тундгароӣ роҳ нагирем ва мо бояд коре кунем, ки ба иззати нафси намояндагони дину мазҳабҳои дигар нарасем. Зеро бархе аз онҳо дар баъзе кишварҳои ҷаҳон характери расмӣ доранд. Масалан, ҷараёни салафия ҳарчанд дар кишвари мо мамнуъ эълон шуда бошад ҳам, вале дар кишвари Арабистони Саудӣ аксари мардум аз он ҷонибдорӣ мекунанд.

Аммо таҳлилгарон ва бархе аз руҳониён ин изҳороти Мушовири давлатии Президентро як навъ тағйир ва таҳриф намуда, онро ҳамчун муносибати давлат ба салафиҳо талаққӣ мекунанд. Бинобар ин мо аз Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймурод Фаттоев хоҳиш намудем, ки он гуфтаҳои худро бори дигар шарҳ диҳад.

- Он чи ки ман дар ҳамон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ изҳор доштам, дар сомонаи «Озодӣ» дуруст оварда шудааст,- иброз намуд ӯ.- Мутаассифона, баъзе рӯзноманигорону коршиносон онро ба манфиати худ истифода карданӣ шуда, гуфтаҳои мазкурро таҳриф карданд. Гап сари он меравад, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, эътиқод ба ин ё он дин озод аст. Яъне ҳар кас метавонад ба кадом дине ки хоҳад гаравад: он хоҳ исломӣ бошад, хоҳ насронӣ. Ё метавонад, ки дорои мафкураи даҳрӣ бошад. Фақат шарти муҳим он аст, ки Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаро риоя намояд, ба ихтилофи динию мазҳабӣ, миллию нажодӣ роҳ надиҳад. Танҳо дар ҳамин сурат ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафайн ва сулҳу субот дар ҷомеа таъмин мегардад.

Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар»)