Таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ

№113-114 (4375-4376) 09.09.2021

Ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ шаҳру деҳоти кишвар рангу таровати хоса гирифт. Бахусус, пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе рангорангу хушҷило ва озодаю гуворотар гаштааст. Мо мафтуни ин ороишот шуда, дар бораи офарандагони зебоиҳо кам фикр мекунем. Ҳол он ки дар ин кор заҳмати зиёди масъулон, тарроҳону рассомон, ороишгарон, кормандони идораю ташкилотҳои марбута сарф шудааст. Аз ҷумла, дар гулгашту хиёбонҳо, пештоқи вазорату идораҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ ва иншооти дигар, ҷойҳои намоёни шаҳр, дохили автобусу троллейбусҳо рамзи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ насб шудаю хеле назаррабо мебошад. Зимни омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои таҳия кардани рамз озмун эълон гардид ва рассому ороишгари зиёд дар он ширкат варзида, намунаи эҷодиёташонро пешниҳод намуданд. Дар ин миён офаридаи Фазлиддин Раҷабов беҳтарин ҳисобида шуд.

Муаллифи рамзи Истиқлолияти давлатиро дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикис­тон пайдо кардем. Вай дар ин муассисаи олии таълимии фарҳангӣ ба сифати мудири бахши методии шуъбаи методӣ кор мекунад. Ҳамсуҳбати бисёр самимӣ, шахси хоксор ва эҷодкори асилу заҳматпеша аст. Вақте бо зиндагиномааш шинос шудам, маълум гардид, ки вай хатмкардаи Омӯзишгоҳи (ҳоло Коллеҷи) рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов аст. Соли 2000-ум, баъди хатми ин омӯзишгоҳ, фаъолияти меҳнатиро аз омӯзгорӣ сар кардааст. Баъдан, ӯро сарвари ҶДММ «Чархи гардун» Акбари Саттор ба сифати суратгир — ороишгар ба кор даъват мекунад. Маҳсули заҳмати вай ҳафтаномаҳои «Чархи гардун», «Авитсена» ва дигар нашрияҳоро ҷолибу рангинтар мекард.

Солҳои 2006 — 2011 таҳсилро дар факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон идома медиҳад. Ба пурсишам, ки чаро маҳз факултети таърихро ихтиёр кард, ҷавоб дод:

- Барои эҷодкор, хоса ороишгар ва мусаввир, донистани таърих ва бузургони миллат зарур аст. Мо, тоҷикон, халқи қадима ва соҳиби тамаддуни бузургем ва дар баробари ифтихор кардан, барои ҳар як фарди кишвар бохабар будан аз фарҳангу таърихи ниёкон зарур аст. Махсусан эҷодкорон, ки тарғибгарони таъриху тамаддуни миллатанд, бояд донишу фаҳмиши амиқтар дошта бошанд. Маҳз чунин дарку фаҳмиш ва дониши хуб боис ба пешрафти эҷодиёти Фазлиддин Раҷабов гашт. Вай аз соли 2017 узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошад. Заҳматҳояш бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Дар асарҳои офаридаи Фазлиддин, дар баробари даст­овардҳои ҳозираи кишвари тозаистиқлоламон, хусусият­ҳои таъриху фарҳанги миллӣ низ баръало намоён аст.

Соли 2016 тарҳи «Ҷоми 25 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» — ро офарид, ки он асари беҳтарин арзёбӣ гардид. Ҳангоми омодагӣ ба ҷашни 90 — солагии пойтахти мамлакат дар озмуни «Ангораи беҳтарини Душанбе» фаъолона ширкат намуд. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Модар асарҳои ҷолибу диданӣ офаридааст. Нақши дастони ин ҷавони эҷодкорро дар бисёр намоишгоҳҳои кишвар, ороишоти дохили Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дидан мумкин аст. Фазлиддин бо ифтихор аз дастовард ва музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ сухан мегӯяду ба фаъолият шурӯъ кардани Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикис­тонро яке аз нодиртарин комёбиҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ мекунад.

- Дар солҳои соҳибис­тиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама соҳа, аз ҷумла фарҳанг, рӯ ба тараққӣ овард. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат садҳо қасру марказ ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ ­бунёд ёфтанд. Соли 2013 Донишкадаи давлатии санъати тас­вирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъсис ёфт, ки аз падидаҳои фарҳангии даврони истиқлолият мебошад. Аз рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз кардани ин муассисаи олии таълимии фарҳангӣ ман низ дар он фаъолият мекунам, — изҳор дошт ҳамсуҳбатам.

Қаҳрамони матлаб ҳамчун эҷодкори асил ва ҷавонмарди заҳматпеша аз он ифтихорманду хушҳол мебошад, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар фазои орому осуда ба кору эҷод машғул аст. Муҳаббати самимонаву содиқона ба марзу буми аҷдодӣ, ба сарзамини биҳиштосову диёри хуррам ин ҷавони боистеъдодро дар таҳияи ангораи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муваффақ гардонид.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»