Зиндагӣ дар шароити торафт шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, дар минтақаҳои гуногуни олам паҳн гардидани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму ифротгаройӣ, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва дигар равияҳои барои инсоният хатарнок водор месозад, ки пайваста баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ва устувории пояҳои давлатдорӣ саъю талош намоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба норавоии ба дини мубини Ислом нисбат додани зуҳуроти нанговари терроризми байналмилалӣ ва роҳу усулҳои тақвият додани мубориза бо ин зуҳурот фикру андеша ва таклифҳои муфиду ҷолиби диққат баён менамоянд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) низ фикру мулоҳизаҳое садо доданд, ки ба ҳифзи дини мубини Ислом ва аз байн бурдани мухолифат дар ҷабҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ равона шудаанд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар субъектҳои бо терроризму экстремизм муборизабаранда ва дар ин мубориза иштироккунанда мунтазам чораҷӯйӣ менамояд. Дар ин раванд аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва Нақшаи амалҳо таҳия гардид, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 тасдиқ шудааст.
Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавии миллӣ заминаи ҳуқуқиро баҳри тақвияти муқовимат бо экстремизм ва терроризм фароҳам оварда, бо истифода аз таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои дигар, роҳу усулҳои муқовимат бо чунин зуҳуротро пешбинӣ менамояд.
Тавре ки маълум аст, экстремизм ва терроризм сол то сол дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон афзоиш ёфта, хатари ҷиддиро барои шахс, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, амнияти миллӣ ва зиндагии осуда ба бор овардааст. Андӯхтани низоъ, амалҳои нанговар нисбат ба инсон, ҳамлаҳои номардонаю бераҳмонаи террористии гурӯҳҳои ифротӣ боиси қурбонии садҳо нафар ва сарсону фирорӣ шудани ҳазорон нафар намояндагони миллатҳои гуногун гардидаанд. Ҳадафи ҳамлаҳои террористии марговар дар ҷаҳон на танҳо қурбониёни бевоситаи ҳодисаҳо мебошанд, балки мардуми мутамаддини сайёраанд, ки зиндагии осударо пеш мебаранд.
Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсӣ дар чорсӯи бархӯрди манфиати кишварҳои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсию идеологӣ қарор дошта, наметавонад аз оқибатҳои номатлуби муқовиматҳои ошкору ниҳони онҳо дар канор монад. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар аксар маврид инкишофи ин зуҳурот бо истифода аз шиорҳои динӣ ба миён омада, торафт васеъ шуда, ба заифии ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳар чӣ бештар дар арсаи байналмилалӣ истифода шудани қувваи низомӣ, баҳри ҳифзу ҳимояи манфиат рӯ ба рӯ омадани абарқудратҳо ва неруҳои минтақавӣ боис гардидаанд.
Ташкилотҳои фаромиллии экстремистӣ ва намояндагони онҳо фаъолияти густурдаро бо истифода аз дастовардҳои илму техника, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, интернет дар байни сокинони сайёра, махсусан ҷавонон, ҷиҳати ҳар чӣ бештар ҷалб намудан ба худ ба роҳ мондаанд.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки яке аз роҳҳои асосии таблиғи манфиатҷӯёна ва таҳрифкоронаи асосҳои дини мубини Ислом додани шарҳу тавзеҳоти ба мазҳаби анъанавии мардуми Тоҷикистон бегона дар раванди адо намудани ғояҳои озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ мебошад.
Мувофиқи ақидаи коршиносон, дар ин раванд мафҳуми «дини шахсӣ» мавҷуд аст, ки маҷмӯи эътиқодот, эҳсосот, ахлоқ ва дониши динӣ дар батни ҳар яки мо вобаста ба пайравӣ кардан ба динро дар бар мегирад. Дар сурати пайдо шудани савол ва ё нофаҳмиҳо дар «дини шахсӣ» доир ба масъалаҳои норавшани динӣ, мо, пеш аз ҳама, ба бародар, наздикон, диндорон, рӯҳониёни алоҳида ва ё ба имоми масҷид, аз ҷумла бо истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет ба шахсоне, ки онҳоро аз наздик намешиносем, ҷойи кор ва фаъолияти онҳо ба мо маълум нест, муроҷиат мекунем. Посухдиҳанда ба саволҳои мо, пеш аз ҳама, дар доираи дониши динии худ ва манфиату мақсадҳои хеш ҷавоб медиҳад. Баъзе ашхоси диндори ифротӣ ва дорои мақсадҳои бегона муқаррароти «Қуръони Маҷид»-ро нодуруст ва ба манфиати барномаву мақсадҳои созмону ташкилотҳои экстремистӣ талқин мекунанд. Чунин тарзи муошират бештар дар байни ҷавонон бо ифротгароёни хориҷӣ, бо истифода аз телефонҳои мобилӣ, ба роҳ монда мешавад. Бо истифода аз ин усул, тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет, ки айни ҳол дорои ҳазорҳо сомона бо маводи террористию экстремистӣ бо забонҳои гуногун, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ, мебошанд, ба мафкураи динии ҷавонон халал ворид месозанд. Аксари ҷавононе, ки ба доми таблиғотчиён, аз ҷумла созмонҳои экстремистӣ меафтанд, саводи дунявӣ ва динӣ надоранд. Аз ин ҷост, ки бо мақсади фирефтаи ашхоси ифротӣ нагардидани онҳо уламои дин, мақомоту сохторҳои марбута корҳои тарғиботӣ мебаранд. Новобаста аз ин, солҳои охир дар байни қишрҳои ҷомеа, хусусан ҷавонон, рақобату бархӯрди ақидаҳои бегона ба исломи суннатӣ равшан эҳсос мегардад, ки яке аз таъсирҳои манфии ҷаҳонишавӣ мебошад. Шомил шудани баъзе аз ҷавонони тоҷик ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар, инчунин ба қайд гирифта шудани кирдорҳои экстремистӣ дар ҷумҳурӣ, ки ба манфиатҳои миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд, тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.
Замона тақозо дорад, ки диққати олимони диншинос ва коршиносон ба Ислом, нақши он ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ равона шуда, сабабҳои афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ғояҳои ифротӣ, баланд бардоштани нақши ақоиди анъанавӣ, пайванди ҳаёти дунявӣ ва динӣ бори дигар бо дарназардошти равандҳои муосир таҳлил карда шаванд. Дар ин ҳолат, мо бояд ба ҳимояи рукни муҳими фарҳангӣ – анъанаҳои миллӣ бештар саъй намоем.
Ҳамчунин, ба вуҷуд овардани фазои оштинопазири аҳли ҷомеа ба хатарҳои муосир ва тадриҷан беҳтар намудани фаъолияти мақомоту сохторҳои муваззаф дар самти пешгирии заминаҳои ба терроризму ифротгаройӣ мусоидаткунанда ва дар ин радиф бартарафкунии заифии табақаҳои алоҳидаи ҷомеа мувофиқи мақсад мебошад.
Ш. ТАЛБАКЗОДА, прокурори Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон