Бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зерсохторҳои кумита дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон электромотороллер тақдим шуд.
Иқдоми мазкур ба хотири сари вақт тоза намудани партовҳои кӯчаву маҳаллаҳои аҳолинишин ва пешгирии хуруҷи бемориҳои сироятӣ амалӣ гардид.
Тавре аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ин тадбир минбаъд низ идома меёбад ва марҳила ба марҳила ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ электромотороллерҳо тақдим мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»