«Ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ аз имкон берун аст».
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар баробари пешрафт ҷомеа талаботи нав ба нави худро пеш мегузорад, ки он бо зарурати талаботи худи аҳли ҷомеа ба миён меояд. Дар дилхоҳ соҳа дигар бо шаклҳои пештара ё худ куҳнашуда фаъолият намудан мушкил мегардад ва ин ҳолат ба таври қатъӣ такмил,таҷдид ва ислоҳоту навгониҳоро ба вуҷуд меорад. Бахши ҳокимияти судӣ низ аз ҷумлаи онҳо ва дар навбати худ соҳаи калидӣ дар самти татбиқи адолати иҷтимоӣ ба шумор меравад. Аз фаъолияти дурусти судҳо, дараҷаи касбии ҳаллу фасли қазияҳо, арзу шикояти шаҳрвандон пешгирии бисёр амалҳои номатлуб дар ҷомеа вобастагии калон дорад. Силоҳи ягонаи мақомоти судӣ қонунҳои ҳаматарафа суфтаю мукаммал ва ҷавобгӯйи талаботи давру замон маҳсуб меёбад, ки ба пешравӣ ва самаранокии кори судяҳо мусоидат менамояд. Дастоварди дигари мақомоти судӣ ин дар ихтиёр доштани захираи бойи кадрҳои баландихтисос, кордону масъулиятшинос, мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ мебошад. Дар ҳама давру замон, дар тамоми соҳа кадрҳо нақши калидиро дар пешрафти ҷомеа мебозиданд. Зарурат ва нозукии масъалаи мазкур дар соҳаи судӣ бо он асоснок карда мешавад, ки онҳо бо ҳаёти инсон сарукор доранд ва ҳуқуқи хато кардан дар ҳалли қазияҳоро надоранд. Дар аксар ҳолат сатҳи боварию эътимоди мардум ба ҳукумат аз натиҷаи кори судҳо баҳогузорӣ мегардад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло таҷдиди назар ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тақозои ҳаёт ва боиси дастгирии ҳамаҷониба мебошад. Бо мақсади таъмини мустақилияти судяҳо, шаффофият дар фаъолияти онҳо интихоб ва таъини кадрҳои арзанда ба вазифаи судя ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки тибқи он минбаъд, ҳангоми интихоб ва таъини судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, синну сол (аз синни 30-солагӣ) ва собиқаи кории на кам аз 5 соли судягӣ муайян гардидааст. Ҳамзамон, тибқи ин тағйирот, доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоб ё таъин гардидан ба вазифаи судя ҳатмӣ мебошад, зеро судя ифодакунандаи шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, аз номи давлат баромад менамояд. Дар баробари донишу таҷрибаи баланди касбӣ доштан, судяҳо худ бояд таҷассумгари олии риоя ва эҳтироми қонунҳо буда, аз интизоми намунавӣ, хислатҳои беҳини инсонӣ, ниҳоят ҳисси масъулиятшиносии баланд бархӯрдор бошанд, боварию эътимоди мардумро ба даст оварда тавонанд. Дар шахсияти судяҳо бояд мардум тарғибкунандаю татбиқкунандаи содиқи ҳадафу армонҳои давлатӣ, адолатро дар ҷомеа дида тавонанд.
Мутаассифона, шурӯъ аз замони шӯравӣ то ба рӯзҳои мо дар аксар ҳолат сабаби нофаҳмиҳо ва қонуншиканиҳо аз тарафи одамон ин надонистани қонунҳо, ҳуқуқҳои конститутсионии худ мебошад. Фаҳмише ҷорӣ гардидааст, ки гӯё омӯхтану донистани қонунҳо ин сирф вазифа, уҳдадориҳои кормандони бахши судӣ ҳасту бас. Донистани дигарон чандон зарурат надорад. Ин гуна фаҳмиш вазифаи дигарро дар назди судҳо — ҷоннок гардондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни оммаи васеи халқ мугузорад. Вақте мардум дониши ҳуқуқии худро баланд мебардорад, нофаҳмиҳо аз байн мераванд. Дар акси ҳол, тавре анъана шудааст, мардум ба донишу таҷрибаи кормандони суд бовар карда, ҳалли ин ё он мушкил, баҳсҳои худро ба инсофи онҳо ҳавола менамоянд. Надонистани қонунҳо аз тарафи аҳолӣ чунин маънӣ надорад, ки бо суиистифода аз ин ҳолат судҳо хулосаҳои хилофи қонун бароранд. Баръакс, дар чунин маврид ҷавобгарӣ ва масъулияти онҳо бамаротиб бештар мегардад.
Зарурати дигари тағйиру иловаҳои мазкур аз боби 11-и ҳамин қонуни конститутсионӣ хуб ҳис мешавад, ки он аз моддаи 111 то 122 -ро дар бар мегирад. Дар он тарзи таъсис, ҳайат, салоҳият ва ҳуқуқҳои Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода меёбад ва тибқи ин тағйирот минбаъд номзадии судяҳо — аз судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ то судяҳои судҳои поёнӣ, бо хулосаи коллегияи мазкур барои интихоб ё таъин пешниҳод карда мешаванд.
Ҳайати коллегияи мазкурро судяҳо дар конфронси судяҳои судҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ВМКБ, вилоятҳо, Суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб менамоянд.
Муқаррароти мазкур барои дарёфти кадрҳои арзанда ба мансаби судягӣ замина гузошта, ба таъмини мустақилият, беғаразии судяҳо ва шаффофият дар фаъолияти онҳо равона гардидааст.
Фотеҳ Қувватзода, судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод, унвонҷӯйи кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати ДМТ