Таъкид (ба ҲНИТ)

№90 (3391) 04.07.2015

Давлат Сафар

Зи киштае, ки дигар ҳоҷати дурудан нест,

Зи боғи бесамаре, ки умеди будан нест,

Ба саҳнае, ки дигар маҳзари сурудан нест,

Ба минбаре, ки дигар маънии сутудан нест,

Ба Ҳизби наҳзати ислом ин мисоли ҳақ аст.

 

Сухан зи ҳад гузарад, нест ҳоҷати тафсир,

Зи оби рехта аз кӯзае маҷӯ тадбир,

Ба хоби шуму сияҳ нест ҳолати таъбир,

Ба нақши оби равон чист маънии тасвир?

Ба Ҳизби наҳзати ислом шарҳи ҳоли ҳақ аст.

 

Фишори ақл бувад ин, фишори кас набувад,

Мақом рафт зи дасте, баҳои хас набувад.

Садоқати Ватану миллат аз ҳавас набувад,

Ба ҷӯ, ки пеш равад, гаштанаш ба пас набувад.

Ба Ҳизби наҳзати ислом ин висоли ҳақ аст.

Дигар зи ину зи он нест вақти нолидан,

Ҳар он чӣ кишт намудӣ, ҳамон бувад дидан.

Камоли мард ҳар он дидану натарсидан,

Ба тарфи домани нопок даст ёзидан,

Ба Ҳизби наҳзати ислом шарҳи фоли ҳақ аст.

 

Касе, ки пой бимонад ба рост рафтан каҷ,

Бақои чашм набошад ба вақти дидан каҷ.

Мафаҳм панди бузургон дами шунидан каҷ,

Чӣ ҳикматест матоъи кафан буридан каҷ.

Ба Ҳизби наҳзати ислом қилу қоли ҳақ  аст.

 

Ҳар он чӣ нест шавад, нест боядаш пиндошт,

Ҳар он чӣ реша надорад, набояд онро кошт.

Ғизои субҳ дигар бошаду дигар аз чошт,

Ба чӯби каҷ набояд он, ки парчаме афрошт.

Ба Ҳизби наҳзати ислом ин мақоли ҳақ аст.

 

Ҳар он назар, ки агар ҳақ наяст, ҳақ машумар,

Ҳар он  хабар, ки дурӯғ аст, гуфтанаш бадтар,

Ҳар он нигоҳи пур аз кина аст хавфу хатар.

Ба узви наҳзат агар нест чорае дар сар,

Ба Ҳизби наҳзати ислом ин заволи ҳақ аст.