Таҳкими амнияти киберӣ ва иттилоотӣ баррасӣ гардид

№ 28.04.2025

Дар шаҳри Тошканд аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, иштирок кард.

Гуфта шуд,  ки дар вохӯрӣ ба масоили таҳияи равишҳои ягона нисбат ба арзёбии таҳдиду чолишҳои рӯзмарра, инчунин, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мутақобила дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, ҷинояткории фаромарзӣ ва таҳдидҳои киберӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд.

Дар доираи муколама ҷонибҳо тадбирҳои мушаххас оид ба таҳкими амнияти киберӣ ва иттилоотиро баррасӣ намуда, самтҳои ҳамкории минбаъдаи барои тарафайн манфиатнокро муайян карданд.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»