Дар заминаи сиёсати дарҳои боз ва ҳамзистии осоишта бо кишварҳои ҳамсоя намояндагони шаҳри Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.
Дар доираи ин сафар меҳмонон ба пояи муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гул гузошта, ба фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят, иншооти сайёҳӣ ва таҷрибаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, ҷараёни корҳои ободонӣ шинос гардида, аз минтақаи сайёҳии «Самарқанд сити», корхонаҳои истеҳсолии «Tespak», «Ургут микрометалл», «Ургенҷ», «Екгилем» ва Маҷмааи кишоварзии «Деҳқон» боздид карданд. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳо ва дар мулоқот бо роҳбарияти шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Ургут, Ҷонбой ва соҳибкорон имконияти роҳандозии ҳамкориҳои тарафайн, таъсиси коргоҳҳои муштарак ва дигар ҷанбаҳои равобити иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки робитаи дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи роҳбарони кишварҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавсеа меёбанд.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»