Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ҷиҳати таҳкими мустакилияти ҳокимияти судӣ мебошад, ки дар ин самт аллакай корҳои муайяне амалӣ гардиданд.
Дар ин раванд Шӯрои адлия барҳам дода шуд ва масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иктисодӣ вогузор гардид. Аз ин рӯ, роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иктисодӣ вазифадор шуданд, ки ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя диккати махсус зоҳир намуда, шахсияти онҳоро бо тартиби мукарраргардида омӯзанд ва ба вазифаи масъулиятноки судя ҳукукшиносонеро пешниҳод намоянд, ки дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ дошта, аз ҷиҳати одобу ахлок ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб бошанд.
Дар таъмини адолати судӣ иҷрои карорҳои судӣ накши муҳим дорад. Мутаассифона, таҷриба нишон медиҳад, ки баъзан карорҳои судӣ муҳлати зиёд ба иҷро расонида намешаванд. Бинобар ин, ба Суди Олӣ, Суди Олии иктисодӣ ва Прокуратураи генералӣ дастур дода шуд, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешкадам, механизми самараноки таъмини иҷрои карорҳои судӣ ва чораҳоро ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни суд таҳия ва пешниҳод намоянд, зеро таҳким ва рушди фаъолияти ҳокимияти судӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, № 327 «Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳукукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2017» тасдик гардид. Барномаи мазкур идомаи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳукукии каблӣ буда, бо дарназардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта, таҳлили сохтору фаъолияти судҳо, инчунин омӯзиши фаъолияти дигар макомоти ҳифзи ҳукуки ба фаъолияти судӣ алокаманд таҳия гардидааст, ки максади асосии он таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани накши суд дар ҳифзи ҳукуку озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини конунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти макомоти судии кишвар бо максади таҳкиму тавсеа бахшидан ба бунёди ҷомеаи демокративу ҳукукбунёд мебошад.
Масъалаи баланд бардоштани накш ва нуфузи ҳокимияти судӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини конуният, ҳифзи ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон карор дорад. Ба ин хотир, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб ва арзандаи фаъолияти ҳокимияти судӣ силсилаи тадбирҳои муассир амалӣ мешавад. Аз ҷумла, бо фармонҳои Президенти кишвар барои солҳои 2007-2010 ва 2011-2013 ду маротиба барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳукукӣ кабул гардиданд. Онҳо аз бисёр ҷиҳат ба такмили минбаъдаи фаъолияти низоми судӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, дар раванди татбики «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳукукӣ барои солҳои 2011-2013», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 январи соли 2011, № 976 тасдик гардида буд, як катор корҳо дар самти ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо ва дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судяҳо ба сомон расонида шуданд. Ҳамчунин, дар ҳамин замина конунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиаи ҳукуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва як зумра конунҳои дигар оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон кабул гардиданд.
Мувофики Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои мустакили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки яке аз роҳҳои асосӣ ва пешкадамтарини ҳимояи ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифзи судист. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳукуки ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои асосии марбут ба ҳукуки инсонро эътироф ва инсон, ҳукуку озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намудааст. Ҳокимияти судӣ яке аз кафолатҳои асосии таъмини арзиши олӣ будани ҳукуку озодиҳои инсон мебошад. Ба ин маънӣ ташаббусҳои Сарвари давлат дар самти таквияту таҳкими минбаъдаи ҳокимият ва низоми судии кишвар аз ҳар ҷиҳат кобили дастгирианд.
Бо максади иҷрои барномаи амалкунанда накшаи чорабиниҳо оид ба татбики ислоҳоти судӣ-ҳукукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 омода шудааст, ки асосан амалишавии чорабиниҳои зеринро пешбинӣ менамояд: рушди конунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иктисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили сохтор ва фаъолияти судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми судӣ нисбат ба ноболиғон, тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тадбирҳо оид ба таъсиси сохтори мустакили экспертӣ, рушди ёрии ҳукукии ройгон, таъминоти моддӣ-техникии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо.
Тавре Президенти кишвар иброз намуданд, татбики барномаи мазкур ба устувор шудани сохтори макомоти судӣ, пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории макомоти судӣ бо дигар макомоти ҳифзи ҳукук ва иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Чун таъмини иҷрои саривактии карорҳои кабулнамудаи суд масъалаи басо муҳиму ҳалталаб ба ҳисоб меравад, аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он диккати махсус дода мешавад. Тибки накшаи чорабиниҳо, ҷиҳати такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар назар дошта шудааст.
Яке аз бахшҳои мустакили «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳукукӣ» барои солҳои 2015-2017»-ро ислоҳоти низоми судӣ нисбат ба ноболиғон ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки масъалаи тарбия ва дастгирии наврасону ноболиғон, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушду инкишофи онҳо дар маркази диккати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои масъули давлатӣ карор дорад. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳукуку манфиатҳои ноболиғон, фароҳам овардани муҳити солим дар рафти таҳкик ва тафтиш, баррасии парвандаҳои маъмуриву ҷиноятӣ дар суд, муайян намудани судяҳои баррасикунандаи парвандаҳо оид ба ҳукуквайронкуниҳо дар ҳайати судҳои амалкунанда ва такмили конунгузорӣ, аз ҷумла конунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба максад мувофик аст. Ин чораҷӯйиҳо ба таъмини ҳукуку манфиатҳои конунии ноболиғон, тарбияи дурусти онҳо ва боло бурдани сифати адолати судӣ оид ба парвандаҳои ноболиғон мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамин тарик, кабули «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳукукӣ барои солҳои 2015-2017» ба шароити кунунии рушди давлатдории кишвар аз ҳар ҷиҳат мувофик буда, амалишавии он барои таҳким ва густариши минбаъдаи ҳокимияти судӣ, ҳамчун унсури ҷудонопазири ҷомеаи демократӣ, мусоидат хоҳад намуд.
Парвиз Мирзозода,
судяи Суди Олии иктисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон