Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкурсии устувори ваҳдати миллӣ

№128 (3274) 01.11.2014

«Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  23 апрели соли 2014

Дар ҳақиқат, ин гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодаи воқеияти оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Кашмакашиҳои бемаънии оғози солҳои 90-уми асри гузашта ва ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтани онҳо хатари воқеӣ ва ҷиддии аз байн бурдани истиқлолияти тозабадастомада ва парокандагии миллат буд. Хушбахтона, бо заҳмату талошҳои қувваҳои солими ҷомеа Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд. Сохти конститутсионии давлат барқарор гардида, роҳбарияти нави кишвар бо сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад.

Воқеан ҳам ин бахти миллати тоҷик буд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаммаслакони худ ҷилави идораи давлатро ба даст гирифта, ин хатари ҷиддии ба сари истиқлолияти давлатӣ ва миллат омадаро бартараф, барои хатми ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва ба сулҳу ваҳдат расидани миллат ҷоннисорӣ карданд. Ин вазифаи таърихии худро ба ҷо оварда, неруи даврони истиқлолият роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеа ва таҳкурсии давлатдории навинро гузошт.

Яке аз масъалаи бунёдӣ, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мавриди танзим қарор мегирифт, ин муайян намудани роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеа ва давлатдории навини Тоҷикистон буд. Вобаста ба ин масъала ҳанӯз Роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон ба таври қатъӣ андешаи худро дар Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз дошта буд: «Мо таҷрибаи ҷаҳонии давлатдорӣ, омилҳои сиёсиву иқтисодӣ ва милливу фарҳангии мамлакатро дар марҳилаи гузаштаву имрӯза омӯхта, роҳи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро интихоб кардем».

Ин андеша вақте иброз гардид, ки ҷомеа дар як бунбаст қарор дошт ва дар дохилу хориҷ нигарони он буданд, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон кадом роҳи инкишофро интихоб мекунад. Хушбахтона, ин роҳи тақдирсоз ва таърихии миллат аз ҷониби Роҳбари тозаинтихоби он муайян карда шуд. Бояд зикр кард, ки ин роҳ – роҳи давлатдории ҷаҳони муосир мебошад ва Тоҷикистони навбунёд низ дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон ба ин шоҳроҳ ворид шуд ва қадамҳои устувори худро дар он гузошта истодааст.

Қобили зикр аст, ки дар баробари расидан ба ваҳдати миллӣ ва амалӣ кардани созишномаҳое, ки дар раванди музокироти тоҷикон ба имзо расида буданд, Конститутсия низ рушду такмил ёфт ва барои таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ заминаи боэътимод гузошт. Дар доираи меъёрҳои он санадҳои сулҳ амалӣ шуданд, зеро андешаҳое низ буданд, ки гӯё амалӣ кардани санадҳои сулҳ меъёрҳои Конститутсияро халалдор мекарда бошад. Аммо механизми амалӣ гардонидани қарорҳои Комиссияи оштии миллӣ ба воситаи санадҳои Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шубҳаро аз байн бурд.

Конститутсия санаде мебошад, ки дар он тартиби таъсис, фаъолият ва равобити мутақобилаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти олии давлатӣ муқаррар мегардад. Конститутсия аз андешаи муосири умумиэътирофгардидаи ҷаҳонӣ пайравӣ намуда, таъсис, фаъолият ва равобити мутақобилаи рукнҳои давлатро дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ муқаррар намудааст. Ин принсип имкон медиҳад, ки рукнҳои давлат дар доираи салоҳияти худ мустақилона амал намоянд.

Ин гуфтаҳо ифодагари он мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҷаҳони муосир давлатдории навини худро бунёд намуда, барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар хизмат карда истодааст. Ҳамзамон дар ин раванд худи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ такмил ёфтааст ва барои инкишофи ояндаи мамлакат мусоидат менамояд.

 

Зариф АЛИЗОДА, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон