Ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ чорабинии тантанавӣ доир гашт.
Иштирокдорон нахуст аз намоиши дастовардҳои 30 соли фаъолияти ҳизбиён дар ВМКБ дидан намуданд.
Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, дар ифтитоҳи чорабинӣ мардуми саодатёри кишварро бо ин санаи фархунда табрик намуда, изҳор дошт, ки ҲХДТ ҳамқадаму ҳамтақдири халқ ва Ҳукумати мамлакат буда, имрӯз ҷойгоҳи он дар низоми сиёсии кишвар хеле устувор ва қавӣ гардидааст. Он яке аз неруҳои муҳим ва бузурги пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, тамоми дастовардҳои он ба сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад ва тайи се даҳсолаи фаъолият ҲХДТ шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!»-ро дар амал татбиқ намудааст.
- 30 соли фаъолияти самарабори ҲХДТ баръало нишон дод, ки нақш ва саҳми он дар ташаккул ва таҳкими низоми сиёсии мамлакат, минҷумла низоми бисёрҳизбӣ бориз буда, он ба неруи пурқудрати муҳофизи ғоявии таърихи ғановатманди бостонии миллат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва арзишу муқаддасоти миллӣ табдил ёфт. Дар тӯли таърихи соҳибистиқлолии кишвар ҲХДТ исбот намуд, ки он воқеан ҳизби пешбарандаю созанда ва бунёдкору мардумӣ аст, — таъкид намуд раиси ВМКБ.
Сипас, як гурӯҳ масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ собиқадорони меҳнат барои саҳми арзанда дар ташаккул ва тақвияти низоми сиёсӣ, таҳкими ризоияти иҷтимоӣ ва сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва иштироки фаъолона дар раванди созандагиву бунёдкорӣ бо ифтихорномаю туҳфаҳои раиси ВМКБ ва дипломҳои КИ ҲХДТ дар ВМКБ қадрдонӣ гардидаанд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»