Тибқи маълумоти корманди масъули дастгоҳи раиси шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода 24 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара 830 — солагии шоири маъруфи тоҷику форс Сайфи Исфарангӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин робита қарори раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба имзо расидааст, ки мутобиқи боғи истироҳатию фароғатии ҳамноми шоир азнавсозӣ ва дар он нимпайкараи Сайфи Исфарангӣ гузошта мешавад. Ҳамчунин, девони мукаммали ӯ ба нашр расида, ҷамъбасти озмуни асарҳои ба Ҷоизаи ба номи Сайфи Исфарангӣ пешниҳодшуда сурат мегирад.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»