ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР….

№ 01.04.2024

1666306893_2-podacha-blud-com-p-prazdnichnii-stol-na-novruz-bairam-foto-4Шаҳри Роғун

Таҷлили наврӯзи имсола дар шаҳри Роғун нисбат ба солҳои пешин дар сатҳи баланд баргузор гардид. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун 23 марти соли равон дар майдони сохтмони НБО «Роғун» чорабинии асосии наврӯзӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, анвои гуногуни ғизоӣ, меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзии хоси ин минтақа доир гардид.

Тантанаи наврӯзӣ бо сухани табрикии раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода оғоз гардид. Дар таҷлили ҷашн намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳҳобзода  иштирок намуда, ҳозирин ва сохтмончиёни иншооти бузурги асрро бо фарорасии фасли баҳори нозанин ва Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз шодбошӣ гуфт.

Ҳамчунин, дар доираи Ҷашни байналмилалии Наврӯз барои афсарону сарбозони қисми низомии воқеъ дар шаҳри Роғун барномаи рангини консертӣ ва дастурхони наврӯзӣ ороста шуд.

 Шаҳри Ваҳдат

Субҳи 23 марти соли 2024 таровати наврӯзӣ шаҳри Ваҳдатро чун арӯс перостаю ороста буд. Кӯчаву хиёбонҳо тозаю озода. Биноҳои қатори маъмурию истиқоматӣ, ки дар ду ҷониби роҳи марказии шаҳр қомат афрохтаанд, хеле дилрабо менамоянд.

Наврӯзи имсола дар шаҳри Ваҳдат ба тарзи хоса таҷлил шуд. Тантанаҳои асосӣ дар хиёбони марказӣ, варзишгоҳи шаҳрӣ ва боғи фароғату истироҳати шаҳр баргузор гардиданд.

Ҷамъомади идонаро раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода кушода, сокинону меҳнаткашони шаҳрро бо иди баҳор табрик намуд. Дар таҷлили иди Наврӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода иштирок ва сокинони шаҳри Ваҳдатро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуд. Сарояндагону ромишгарон ва ҳаваскорони санъат хотири мардумро шод гардонданд. Баъди нисфирӯзӣ дар варзишгоҳи шаҳрӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва бозиҳои шавқовар баргузор гардид.

Шаҳри Ҳисор

Дар наврӯзгоҳи Қалъаи Ҳисор бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид.

Тантанаи наврӯзӣ бо сухани табрикии раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар оғоз ёфт. Дар тантанаи ҷашни наврӯзӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок ва сокинони шаҳрро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният намуданд. Ҳамчунин, дар рӯзи таҷлили Ҷашни Наврӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва ҳайати меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии муовини ҳокими вилояти Сурхондарё Ҷӯрабек Тӯраев суханронӣ карданд.

 Дар даромадгоҳи Наврӯзгоҳ маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, саноатӣ, қаннодию хӯрокворӣ ба фурӯш бароварда, дар қисмати дигари он расму оин ва анъанаҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуданд.

Ба ғайр аз ин, дар майдони Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор чорабиниҳои аспдавонӣ, давидан дар масофа, бандкашӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд, ки ба болоравии сатҳи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.

 Ноҳияи Рӯдакӣ

Дар майдони назди пайкараи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, воқеъ дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ, бахшида ба Ҷашни Наврӯз ҷамъомади бошукӯҳ баргузор шуд.

Раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода сокинонро ба Ҷашни Наврӯз муборакбод намуд. Дар тантанаи наврӯзӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, Муҳаммадулло Шерализода ва муовини якуми раиси Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Давлатзода иштирок намуда, сокинони ноҳияро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният гуфтанд.

Сипас, ҳунармандони театри мазҳакавӣ-мусиқӣ ва ҳаваскорони идораи фарҳанги ноҳия ба номи Кароматулло Қурбонов, донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг ва мактаби мусиқӣ, дастаҳои дигари эҷодӣ ва ҳунармандони касбӣ бо барномаи театрикунонида таҳти унвони «Наврӯзи оламафрӯз» ҳунарнамоӣ намуда, табъи ҳозиринро хуш гардониданд.

 Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»