Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи модар дар шаҳри Душанбе

№31-32 (4771-4772) 11.03.2024

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе» аз 23 феврали соли 2024, таҳти №106, ҳафтуми март дар толори «Кохи Суруш» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Модар — олиҳаи меҳр» бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид, ки дар он фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд.

Зимни сухани табрикӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки бо дарназардошти он ки занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст. Ғамхории доимӣ дар ҳаққи занону бонувон, дастгирии пайвастаи ибтикороти созандаи онҳо, фароҳам овардани заминаю имкониятҳои мусоид барои амалӣ гардидани иқдомоти неку ободгаронаашон натиҷа ва баёнгари ҳамин сиёсат мебошад.

Зикр карда шуд, ки бо муҳаббату самимият ва дӯстдорию қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари мо қадру манзалати зан – модарро гиромӣ ва азиз медоранд.

Гуфта шуд, ки роҳбарияти шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати давлату Ҳукуматро нисбат ба дастгирии занону бонувон дар мадди аввал қарор дода, пайваста ба занону модарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар фарҷом ҳунармандони раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бо барномаи фарҳангии пур аз меҳру самимият нисбат ба зан — модар табъи модарону бонувонро болида намуданд.

Ш. СОЛЕҲ,

«Садои мардум»