Таҷлили мутантанаи солгарди ваҳдати миллӣ дар Суғд

№ 28.06.2023

126-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Суғди бостон чун ҳамасола ботантана таҷлил гардид.

Ба ин муносибат чорабиниҳои гуногуни идона баргузор гардиданд. Масалан, хониши сиёсии ҳармоҳае, ки аз ҷониби шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилоят баргузор карда мешавад, ба Ваҳдати миллӣ бахшида шуд. Беш аз 30 нафар аъзои гурӯҳи тарғиботии Дастгоҳи Раиси вилоят ба шаҳру ноҳияҳо рафта дар назди ҷомеаҳои меҳнатӣ оид ба ваҳдати миллӣ, аҳамияти он ва роҳи душвори расидан ба сулҳ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво карданд.

Шӯрои вилояти суғдии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бошад, ба ҷузъ гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ, маҳфили “Адибони ваҳдатсаро”, барномаи телевизиониро таҳти унвони “Ваҳдати миллат-саодати миллат” сабт кард, ки он тавассути телевизиони вилояти Суғд санаи 27 июн пахш гардид.

Чорабинии калони идонаи вилоятӣ 26 июн дар майдони назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо маърӯзаи идона баромад кард.

Барномаи рангини аҳли фарҳанги вилоят, ки бозгӯи роҳи душвори расидан ба ваҳдати миллӣ, рушду шукуфоии Ватани маҳбуб буд, табъи ҳозиринро шоду мамнун сохт.

Чорабиниҳои идона дар сатҳи шаҳру навоҳии вилоят бошад, санаи 27 июн баргузор шуданд.  Дар он фаъолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ бо Сипосномаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сарфароз гардонида шуданд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»