Таҷлили Наврӯз дар минтақаи Рашт

№ 01.04.2024

РаштНаврӯзи байналмилалӣ имсол дар навоҳии водии Рашт бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Чорабиниҳои гуногун дар сатҳи ҷамоати шаҳраку деҳот  ва ноҳияҳо, аз қабили озмуну намоиши ҳунарҳо, либосҳо ва таомҳои миллӣ, гулгардонӣ, шеъру сурудхонӣ, гӯштингирӣ, аспдавонӣ, волейболу футбол ва дигар намудҳои варзиш, аёдати дастҷамъонаи пирону барҷомондагон, хонатаконӣ, сафед кардани бинову иншоот ва ҳашарҳои умумӣ, беш аз 10 рӯз идома ёфт.

21-уми март дар ноҳияи Тоҷикобод чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷон, муовини директори ҶСК «ТОҶИКТРАНСГАЗ» Аҳмадҷон Идиев, мушовири директори корхонаи мазкур Назриддин Абдураҳмонов иштирок намуданд. Дар чорабинӣ  маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия ва хӯрокҳои миллию маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуд. Боиси ифтихор аст, ки  дар ҷашн ҷавонони далеру ватандӯсти ноҳия, ки имсол дар даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд, саф оростанд.

Раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрик намуда, собиқадоронро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаю сипоснома сарфароз намуд.

Дар фароварди чорабинӣ масъулони  бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро пешкаш намуданд.

Сокинони ноҳияи Нуробод Наврӯзи байналмилалиро 23-юми март ҷашн гирифтанд. Маҳсули дастони ҳунармандони асил, таомҳои миллӣ, хони ҳафтсин ва ҳафтшин ба чорабинӣ шаҳомати хоса бахшид.

Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода зимни сухани табрикотӣ аз моҳияти ҷашни Наврӯз ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои мақоми байналмилалӣ касб намудани он ёдовар шуд. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон Наврӯзро ҷашни миллӣ арзёбӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки мардуми тоҷик онро дар давоми ҳазорсолаҳо аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо бегазанд расонданд. Ҷавҳари таърихию фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии осоишта, накӯкорию созандагӣ, дӯст доштану муҳифизати табиат ва қадр намудани неъматҳои он ҳидоят менамояд.

Дар доираи чорабинии идона фаъолон бо ифтихорномаҳои раиси ноҳия сарфароз шуданд.

Дар ноҳияи Лахш чорабинии идона бахшида ба ҷашни Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, техникаҳои кишварзӣ оғоз шуд. Дар он муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез Ҷӯрахон иштирок ва суханронӣ намуд. Бо ташаббуси раиси ноҳия Холзода Каромиддин Камолиддин 46 кӯдак аз оилаҳои камбизоат хатнасур ва барои сарбозону афсарони қисми низомии ҳудуди ноҳия дастархони идона оростанд. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва ҷумҳурӣ бо таронаҳои дилошӯб табъи иштирокчиёни чорабиниро болида сохтанд.

Сокинони заҳматкаши ноҳияи Сангвор ҷашни Наврӯзро 26-уми март бо риояи ҳама расму оинҳояш, ботантана таҷлил намуданд. Дар он Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз ва оғози соли нави миллӣ таҳният гуфт. Наврӯзро ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози киштукори баҳорӣ ва дигар ташаббусҳои созанда унвон кард. Аз ҷумла гуфт, ки Наврӯз ин оғози рӯзи нав, барбаршавии  шабу рӯз, пирӯзии нур ба зулмот, гармӣ ба сардӣ,  некӣ ба бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, маърифат ба ҷаҳолат ва  покию назофат  мебошад.

Дар доираи чорабинӣ фаъолон, аз ҷумла директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоати деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз шуданд.

Дар ноҳияи Рашт ба муносибати ҷашни Наврӯзи оламафрӯз корвони наврӯзӣ — намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, маҳсулот ва техникаҳои кишоварзӣ, рамзҳои наврӯзӣ, суруду таронаҳои  халқӣ ва роҳпаймоии идона  доир гашт.

Аз майдони Исмоили Сомонӣ то даромадгоҳи боғи фарҳангӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷ ва литсейи касбӣ- техникӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷамоати шаҳраку деҳот дастовардҳои хешро ба маъраз гузоштанд. Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар варзишгоҳи ноҳия доир гашт, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо ва муовини якуми директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соибҷон Зиёдуллоев иштирокчиёнро бо ҷашни Наврӯз таҳният гуфтанд. Идизода Зарина Фузайлшо аз ҷумла гуфт, ки Наврӯз дар сарнавишти миллати тоҷик ва тамоми меросбарони он  нақши барҷаста дорад. Он таҷассумгари наҷобати миллӣ, фарҳанги миллии мо мебошад. Мо ин ҷашнро мудом дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил хоҳем кард.

Собиқадорони меҳнат, нафароне, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипосномаву туҳфаҳо қадр шуданд. Дар охир намоиши театрикунонидаи бахши фарҳанги ноҳия ва барномаи рангини консертӣ  манзури иштирокчиён гашт

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»