Чанде қабл тибқи банди 3-юми нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон таҳлил ва сабабҳои зиёд шудани ҷинояти дуздӣ ва таҷрибаи тафтишоти судии ин қабил ҷиноятҳо давоми нимаи аввали соли 2015 ҷамъбаст карда шуд.
Мувофиқи маълумоти маркази иттилоотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар нимаи аввали соли 2015 дар вилоят 2622 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 433 ҷиноят бештар аст. Дар ин давра 834 ҷинояти дуздӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 294 ҷиноят зиёд мебошад.
Мақомоти тафтишотии шаҳру ноҳияҳои вилоят 758 парвандаи ҷиноятиро оғоз карда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор додаанд ва аз ин шумора 245 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 345 нафар баъди анҷоми тафтишот ба судҳо ирсол намудаанд.
Бо дахолати прокуророн дар давраи таҳлилӣ 27 ҳолати аз ҷониби шуъбаҳои ВКД-и шаҳру ноҳияҳои вилоят аз қайд пинҳон намудани ҷинояти дуздӣ ошкор гардид. Ҳамчунин дар рафти санҷиши гузаронидаи дастгоҳи марказии Прокуратураи вилояти Хатлон ду ҳолати аз қайд пинҳон намудани ҷиноят ошкор гардидааст. Чунончӣ, 25 майи соли 2015 сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Зебунисо Собирова бо аризаи хаттӣ ба РВКД дар вилояти Хатлон муроҷиат намудааст, ки дар шаҳри Душанбе сокини деҳоти ба номи Кирови ноҳияи Вахш М. Ҷалолов ӯ ва фарзандонашро дар дохили автомашинаи шахсиаш савор намуда, беасос мавриди латукӯб қарор додааст. Дар ҳудуди ноҳияи Хуросон М. Ҷалолов ӯ ва фарзандони хурдсолашро аз автомашина дар канори роҳ фароварда, аз ҷузвдонаш, ки дар дохили мошини ӯ будааст, як ҷуфт гӯшвори тиллоии арзишаш 1150 сомонӣ ва 60 сомонӣ маблағи нақдро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Санҷиши ҳодисаи мазкурро муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон, лейтенанти калони милитсия А. Қудратов мегузаронад. Сарфи назар аз он ки дар ҳаракатҳои М. Ҷалолов аломатҳои ҷинояти дуздӣ дида мешаванд, ғайриқонунӣ бо дастрасии моддаи 27 қисми 1 сархати 2 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ оғози парвандаи ҷиноятиро рад кардааст.
Аз ин рӯ, қарори қабулгардида бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуда, нисбат ба М. Ҷалолов бо моддаи 244 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва барои гузаронидани тафтишоти пешакӣ аз рӯи тобеият ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон ирсол шудааст.
Дар нимаи аввали соли 2015 ба мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз дигар мақомот 36 адад парвандаи ҷиноятӣ оид ба дуздӣ ворид гардидааст, ки ҳамаи онҳо ба пешбурди муфаттишон қабул шудааст. Даҳ адад парванда баъди тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардида, нисбат ба гунаҳкорон ҷазо таъин карда шудааст.
Аз ҷамъи парвандаҳои ҷиноятии ба судҳо ирсолкардашуда бо 401 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 495 нафар ҳукм бароварда, 46 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 50 нафар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 29 октябри соли 2014 таҳти №1130 қатъ карда шудааст. Дар ин давра аз болои санадҳои судӣ бо ду парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба се нафар эътирозҳои кассатсионӣ ва нуҳ парвандаи ҷиноятӣ нисбати даҳ нафар эътирозҳои назоратӣ оварда шудаанд.
Муайян гардид, ки 834 ҷинояти дуздии болотар зикршударо 456 нафар содир намудаанд, ки аз ин шумора 31 нафарашонро занон ташкил дода, 42 нафарашон ноболиғон мебошанд. Муайян карда шуд, ки чор нафар шахсони ҷинояти дуздӣ содирнамуда хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, боқӣ ҷойи кори доимӣ надоранд. Ҳамчунин як қисми шахсони пеш ҷиноят содирнамуда гирифтори касалии нашъамандӣ буда, бо мақсади дарёфти маводи нашъаовар даст ба ҷинояти дуздӣ задаанд.
Бо ин қабил ҷиноятҳо нисбати 43 нафар талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» татбиқ шуд, вале аз ин шумора 23 нафар такроран даст ба ҷинояти дуздӣ задаанд.
Тавре маълум гардид, дар натиҷаи ҷиноятҳои содиршуда ба ҷабрдидагон 2575383 сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст. Аз ин маблағ дар рафти тафтишоти пешакӣ 2183689 сомонӣ пурра барқарор гардид.
Ҳамин тариқ, таҳлили вазъи содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ нишон дод, ки аз 834 ҷинояти бақайдгирифташуда бештари онҳо дар ҳудуди шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (106) ва Кӯлоб (77) содир шудааст.
Дар баробари ин, ҳодисаҳои аз ҷониби як нафар содир шудани якчанд ҷиноят зиёд шудааст, ки нигаронкунанда мебошад. Чунончӣ, сокинони шаҳри Норак Ф. Қурбонов ва С. Наимов бо маслиҳати пешакӣ шаби 23 ба 24 марти соли 2015 ғайриқонунӣ вориди минтақаи истироҳатии шаҳрванд Мирзомурод Қурбонов гардида, ба маблағи умумии 3000 сомонӣ амволи ӯро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Тафтиш муайян намуд, ки онҳо ҳашт ҷинояти дигар низ содир кардаанд.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки оид ба пешгирии афзоиши амалҳои ҷинояткорӣ нозирони минтақавӣ, хадамоти посбонии пайраҳагӣ, шуъбаи кофтукови ҷиноӣ фаъолияти нокифоя доранд. Зарур аст, ки реҷаи кори хадамоти посбонии пайраҳагӣ мавриди таҳлил қарор гирад. Дар ин самт зарур аст, ки масъулияти ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа баланд бардошта, ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дуздӣ, гузаронидани вохӯриҳо, суҳбатҳо ва дигар тадбирҳо ҷоннок карда шавад.
Насрулло МАҲМУДОВ, прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи якум,
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»