Якуми июни соли равон дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо ҳузури 5000 нафар атфол бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, дар ибтидо Абдураҳмон Қодирӣ аз ғурфаҳое, ки дар растаҳои гулпӯши Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ташкил шуда буданд, боздид намуда, бо офаридаҳои кӯдакону наврасон шинос гардид. Ба 500 нафар наврасоне, ки меҳмононро бо қироати шеъру суруд истиқболи гарм гирифтанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Абдураҳмон Қодирӣ зимни паёми муборакбодӣ гуфт, ки ҳамасола санаи 1 июн дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мисли кишварҳои дигари олам Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад. Мавсуф минҷумла гуфт, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд, ки «тарбияи насли навраси солим ва дорои рӯҳияи қавию неруи созанда, вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва аҳли ҷомеа мебошад».
Имрӯз дар вилояти Суғд зиёда аз 900 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 200 боғчаи бачагона, 20 хонаи кӯдакон, мактаб — интернатҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд фаъолият мебаранд, ки дар онҳо наздик ба 500000 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»