Таҷлили рӯзи байналмилалии занони деҳот

№ 22.10.2021

ШАРОФАТБо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба нақши занони деҳот ва саҳми онҳо дар суръатбахшии рушди кишоварзӣ, беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва рафъи камбизоатии сокинони деҳот ҳар сол 15 октябр дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии занони деҳот таҷлил мегардад. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ба ин муносибат дар меҳмонхонаи «Серена» суҳбати гирди миз баргузор намуд.

- Дар Тоҷикистон аз чор се ҳиссаи аҳолӣ дар деҳот ба сар мебаранд.

На танҳо ин лоиҳа, ки дар доираи он чорабинии имрӯза баргузор мешавад, балки тавассути дигар чорабиниҳо, ба занону духтарони манотиқи дурдасти Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунем. Аз ҷумла, оид ба таълим ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии занону духтарон чорабиниҳо гузаронида мешавад, то онҳо иқтидорашонро пурра истифода бурда тавонанд, — гуфт зимни баромад роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе  Валериу Кивери.

Вай афзуд, ки ҳуқуқ ва имкони баробар барои занон ва мардон ҷиҳати расидан ба амнияти ҳамаҷониба аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ, уҳдадор мешавем, ки нуқтаи назари гендериро дар ҳама барномаҳо, лоиҳаҳо ва фаъолиятҳо ҷорӣ кунем.

- Моро зарур аст, ки барои решакан кардани зӯроварии гендерӣ, ноил шудан ба навовариҳои иқтисодӣ, таъмини баробари гендерӣ ва татбиқи нақшаи дуюми амали Тоҷикистон оид ба қатъномаи 1325 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба занон, сулҳ ва амният саъй кунем. Ҳамчунин, ба андозагирии иқтисодӣ ва экологии тавонмандсозии занон ва машварат бо занони соҳибкор таваҷҷуҳи махсус лозим аст, — изҳор дошт Валериу Кивери.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, намояндагони кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва ҷомеаи шаҳвандӣ суханронӣ намуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»