10 – уми октябри соли равон «Рӯзи Фалак», дар баробари дигар гӯшаҳои Ватани азизамон аз ҷониби санъаткорони шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил гардид.
Шоми фалак дар кохи «Дӯстӣ» — и шаҳр барпо гардида, аъзои дастаи «Фалак» — и шаҳри металургони тоҷик ба мухлисони санъат барномаи ҷолиби фарҳангиро пешниҳод намуданд.
Ёдрас шудан ба маврид аст, ки анъанаи фалаксароӣ имрӯз дар ҷумҳуриамон идома дошта, рушди ин санъат аз мактаби суннатии «устод ва шогирд» сарчашма мегирад.
Дар рафти чорабинии мазкур нотиқон иброз доштанд, ки мусиқии суннатии фалак, аз қаъри таърих ҳамчун мероси бузурги фарҳангӣ то ба рӯзгори мо омада, ғановати маънавии мардумро собит менамояд ва он дар қатори дигар санъатҳои қадима дар рушди ҷомеа ва болоравии маънавиёти мардум нақши амиқ гузоштааст.
Дар шаҳри Турсунзода бобати амалӣ намудани дастури Сарвари давлат ҷиҳати ташкил намудани ансамбли фолклорӣ — этнографии «Фалак» ва ба роҳ мондани фаъолияти ҳунариву эҷодии он шароити мусоиди эҷодӣ фароҳам оварда шуда, хурсандиовар аст, ки дар ниҳоят рӯи саҳнаи ҳунар чеҳраҳои нав ба нав кашф мегарданд.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»