Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Суғд

№136 (4876) 11.11.2024

ЭМБЛ 30 СОЛ КОНС [Оригинальный размер]Дар Қасри Арбоб бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни паёми табрикӣ аз ҷумла иброз дошт, ки қабули Конститутсия бо роҳбарӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон марҳилаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо дар ҷодаи рушд қадамҳои боэътимод ­гузошт.

Дар идомаи чорабинӣ, ба як гурӯҳ кормандони сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти судӣ сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва туҳфаҳои арзишманд тақдим шуд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»