Ба ифтихори ҷашни Рӯзи Модар дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода иброз дошт, ки модар тараннумгари зебоӣ, рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, одобу маънавиёт, эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои инсониро ҷой медиҳад.
Занону модарон баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, роҳбару роҳнамо, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос, рӯзноманигору коргардони касбӣ буда, дар рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, яъне ободии мамлакат саҳми босазо доранд.
- Маҳз ҳамин иродаи қавӣ, неруи созанда, ободкору тарбиятгарии занону модарони тоҷикро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баланд бардошта, имконияту шароити ниҳоят мусоидро барои фаъолияти боз ҳам густурдаи занону духтарон дар ҳамаи вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ фароҳам оварданд, — афзуд номбурда.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»