Бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона доир шуд
Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуда, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ ваҳдатро омили рушду шукуфоии кишвар арзёбӣ намуд. Аз ҷумла гуфт: «Амалӣ гардидани ҳамаи орзую омол ва нақшаю ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан, маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.Ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқамон ба рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст».
Мавсуф дар идомаи суханронӣ аз хидматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар ёдовар шуд.
Чорабинӣ бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ, ки тараннумгари сулҳу дӯстӣ, муҳаббат ба Ватан буд, анҷом пазируфт.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум”