Дар деҳаи Қалъачаи Раиси деҳоти «Ғазантарак»-и ноҳияи Ғончӣ Маркази зообайторӣ ифтитоҳ гардид, ки аз чор ҳуҷраи корӣ ва нуқтаи хушзоткунии сунъӣ иборат мебошад, ки тавассути шаш нафар мутахассисони варзидаи соҳа ба аҳолии ин деҳот ва атрофи он хизмат мерасонад. Марказ ҳамчунин дорои дорухона ва дармонгоҳи байторӣ аст.
- Ин иқдом дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007 таҳти № 501, «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» бо ибтикори собиқадори соҳа Бобоҳасан Зарифов сурат гирифт, — гуфт зимни суҳбат муовини якуми раиси ноҳия Абдумалик Ҳодиев.
Бино ба гуфти мавсуф, Бобоҳасан Зарифов аз шахсони маъруфи ноҳия буда, ба ҳайси байтор-духтури ҳайвонот, корманди масъул ва сардори Идораи ветеринарӣ, раиси хоҷагии ҷамоавии «Наврӯз», сардори Идораи кишоварзӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардори Раёсати назорати давлатии байтории ноҳияи Ғончӣ зиёда аз 40 сол заҳмат кашида, дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ саҳми назаррас дорад.
Маркази зообайторӣ дар майдони 0,05 гектар замин сохта шуда, бо таҷҳизоту техникаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
- Дар деҳоти мо, ки зиёда аз 18 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва ҳафт ҳазор сар моли калони шохдор (аз ҷумла 3,5 ҳазор наслдеҳ) ва зиёда аз 12 ҳазор моли майда дорад, ба таъсиси чунин марказ зарурат буд. Мардум барои пешгирии ҳар гуна касалиҳои сироятӣ, ташхиси бемориҳо ва ба даст овардани насли солим молҳояшонро пештар ба маркази ноҳия ва шаҳри Истаравшан мебурданд. Акнун аз чунин саргардонӣ халос шуданд. Агар моли мардум солим бошад, саршумори он зиёд мешавад ва ин омил ба беҳбудии рӯзгори мардум мусоидат мекунад,- мегӯяд Бобоҳасан Зарифов.
Вақти дохил шудан ба иншоот дар самти чапи он ҷузвдони куҳнаеро овезон дидам, ки дар рӯяш рамзи хизматрасонии байториро дорад.
- Ин ҷузвдон чӣ рамз дорад? — пурсидам аз ӯ.
-Ин нишонаи хизматрасонии байторист. Дар ин ҷо ҳар корафтода муроҷиати худро бо нишон додани суроға навишта мемонад. Мутахассисони мо ба суроғаи сабтгардида рафта, ба муроҷиин хизмат мерасонанд. Мувофиқи Оиннома ва муқаррароти кории мо расонидани кумаки аввалияи байторӣ ба шахси муроҷиаткунанда ройгон аст. Мо барои ин кор мутахассиси соҳаро ба ҳафт деҳаи деҳоти «Ғазантарак» вобаста кардем. Барои рафтуомад як автомашинаи сабукрав дорем. Иқдоми моро раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дастгирӣ карда, ба маблағи даҳ ҳазор сомонӣ доруворӣ, таҷҳизот, як адад микроскоп ва лавозимоти дигар кумак намуд, ки хеле сипосгузорем, — изҳор дошт Бобоҳасан Зарифов.
Иттилоъ гирифтем, ки сарварии ин марказро мутахассиси соҳибтаҷриба Алиҷон Ҳайдаров ба уҳда дорад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни суханрониҳои хеш масъулинро баҳри равнақ додани соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани саршумори чорво, парвариши зотҳои наслдеҳу гӯштдеҳ ва хушзот кардани онҳо муваззаф менамояд.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми январи соли 2015 омадааст, ки «… Бо вуҷуди захираву имкониятҳои зиёд ҳанӯз ҳам ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ дар таркиби молҳои воридотӣ то 20 фоиз ё тақрибан 3,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин ҳолат таваҷҷуҳи хоси масъулон ва сохтору мақомоти марбутаро талаб менамояд.
Вобаста ба ин зарур аст, ки ҷиҳати афзоиш додани истеҳсолоти дохилӣ ва ба ин васила тадриҷан таъмин намудани қисми асосии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ чораҷӯйӣ карда шавад».
- Ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзону чорводоронро водор менамояд, ки баробари дарёфти роҳҳои манфиатноки таъмини амнияти озуқаворӣ истеҳсоли молҳои хушсифати ватаниро дар ҳамаи соҳаҳо бештар гардонида, аввал талаботи рӯзафзуни истеъмолкунандагони худиро таъмин кунад, сипас маҳсулоти хушсифату ҷавобгӯйи бозори ҷаҳониро ба хориҷи мамлакат содирот намоянд, — мегӯяд Бобоҳасан Зарифов.
Модом ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворист, саҳмгузорӣ дар ин раванд масъулияти ҳамагон аст, — гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,«Садои мардум»