«Фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба дастгирии маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва масъулони соҳа вазифадоранд, ки дар асоси таҳлили ҳаматарафа доир ба рафъи камбудиву мушкилоти ҷойдошта табдирҳои зарурӣ андешанд».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015)
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷтимоӣ ва ҳифзи табақаҳои осебпазири ҷомеа, бахусус маъюбон, пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад.
Дар моддаи 25-уми қонуни мазкур мақомот ва сохторҳои марбута вазифадор шудаанд, ки дастрасии бемамониати маъюбонро ба иншооти инфрасохторӣ ва воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
Моҳи апрели соли равон аз ҷониби Барномаи рушди СММ бо мақсади дастрасӣ ба бинои Сирки давлатии тоҷик ва Маркази илмӣ – тадқиқотии экспертиза ва барқароркунии қобилияти меҳнатии маъюбон пандус (гузаргоҳ) сохта, ба истифода дода шуд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи дастрасии маъюбон ба иншооти инфрасохторӣ дар бинои панҷуми Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон насби лифт анҷом ёфт.
Ин лоиҳаҳо, ки бо кумаки Барномаи рушди СММ дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ва Департаменти давлатии ИМА роҳандозӣ мешаванд, барои дастрасии маъюбон ба бино ва дигар иншооти маданӣ, маишӣ, инчунин азнавсозии баъзе иншооти намунавӣ мусоидат менамояд.
Давраи якуми лоиҳа соли 2012 аз ҷониби Дафтари швейтсарӣ оид ба безараргардонӣ аз минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуда буд. Биноҳои масҷиди Хоҷа Яъқуб ва дармонгоҳи бачагонаи рақами 12-и шаҳри Душанбе пурра азнавсозӣ гаштанд, ки имкони ба онҳо дастрасӣ пайдо намудани маъюбон фароҳам оварда шуд.
Мушоҳида мешавад, ки то ҳол биноҳои маъмурии аксари мақомоти давлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, хонаҳои истиқоматӣ барои истифодаи маъюбон мутобиқ нашудаанд. Ҳангоми сохтмони биноҳои нав имкониятҳои маъюбон ба назар гирифта намешаванд. Ҳол он ки лифт, борбардору гузаргоҳҳои махсус, дигар иншоот на танҳо барои маъюбон заруранд, балки аз онҳо пиронсолон, занони ҳомилаю кӯдакони хурдсол метавонанд истифода баранд. Дар ин маврид дар банди 2 моддаи 25-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» омадааст: «Лоиҳакашӣ ва сохтмони шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, ташкили минтақаҳои истиқоматӣ ва истироҳатӣ, таҳияи лоиҳаҳои нави сохтмон ва азнавсозии биноҳо, иншоот ва маҷмааи онҳо бе мутобиқ гардониданашон барои дастрасӣ ва истифодабарии маъюбон иҷозат дода намешавад».
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» инчунин муқаррар гардидааст, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилотҳо барои дастрасии бемамонияти маъюбон ба иншооти иҷтимоии инфрасохторӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ, муассисаҳои маданию маърифатӣ, истифодаи роҳҳои оҳан, ҳавоӣ, нақлиёт ва ғайра шароит фароҳам оваранд.
Ба амал татбиқ кардани талаботи Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои вобаста ба дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохторӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ то андозае ҳалли худро ёбанд, зеро онҳо узви комилҳуқуқи ҷомеа буда, таҳти ҳимоя ва дастгирии давлат қарор доранд.
Райҳон МӮЪМИНОВА, ҳамоҳангсози Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии маъюбон,
А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»