Таъмини фароғати кўдакони имконияташон маҳдуд

№ 03.06.2024

РУЗ САИДО31-уми май бахшида ба Рўзи байналмилалии њифзи кўдакон дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзода барои кӯдакони имконияташон маҳдуд сайругашти идона ташкил гардид. Зимни сайругашт кӯдакон аз хизматрасонии атраксионҳо ва нуқтаи бозиҳои шавқовар ройгон истифода бурданд.

Ташкили чунин чорабинӣ бо шарофати дастгирии шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин, масъулини боғи фарҳангу фароғатии шањри Турсунзода имконпазир гардид.

Лаҳзаи хоси ҷашни идона иборат аз баргузории маросими туҳфасупорӣ ба кӯдакон аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ҳабибулло Абдуллоев буд. Чунин иқдоми нек нисбат ба кӯдакон ин рӯзро барои ҳамаи иштирокчиён боз ҳам рангин ва хотирмон гардонид.

Бояд иброз дошт, ки Рӯзи ҳифзи кӯдакон санаест, ки таваҷҷуҳи оламиёнро ба ҳар як кӯдак, сарфи назар аз қобилияти ҷисмонии онҳо ба худ ҷалб намуда,  ҳамагонро бобати бартариятҳои некӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ огаҳ месозад.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»