Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи беш аз ду соли фаъолият кори зиёдеро амалӣ намуд. Суҳбати хабарнигоронамон бо сардори он Саидвализода Барно Саиднабӣ дар иртибот ба ин ва дигар масъалаҳо сурат гирифт, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.
- Лутфан, мегуфтед, ки зарурати таъсиси Хадамоти иҷро чӣ гуна ба миён омад?
- Бо соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф гардидани он зарурати қабули бархе аз барномаҳои ислоҳоти ҳуқуқӣ ба миён омад. Дар ин замина Ҳукумати мамлакат санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқро қабул ва сохторҳои мақомоти давлатиро ба онҳо мутобиқ гардонид. Инчунин, бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва амалӣ гардидани Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони Президенти кишвар аз 29 январи соли 2008 таҳти №408 ва Қарори Ҳукумати мамлакат аз 1 апрели соли 2008 таҳти №176, «Дар бораи ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷро», иҷрочиёни суд аз тобеияти Шӯрои адлия ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.
Дар он давра иҷрочиён бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки фаъолияти соҳаро мушаххас ба танзим дарорад, таъмин ва дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» қабул гардида, аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор гирифт. Алҳол фаъолияти иҷрочиён тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни зикргардида, санадҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ба монанди Конвенсияи Минск аз 22 январи соли 1993 «Дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ ба корҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ», Конвенсияи Кишинёв аз 7 октябри соли 2002 «Дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ ба корҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ» ба танзим дароварда мешавад.
Гузашта аз ин, баҳри беҳтар намудани иҷрои санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ, бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 апрели соли 2018 таҳти №1043 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Он мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии мамлакат буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин ва диққати асосиро ба барқарор намудани зарари ба манфиати давлат ва шаҳрвандон расонидашуда равона намуда, рафти иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатиро зери назорати қатъӣ қарор медиҳад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳафт моҳи соли 2020, вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот, аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро ба манфиати давлат 10 927881,05 сомонӣ, ба манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 42 188 576,20 сомонӣ, 1 390 576,07 доллари америкоӣ, 14 734 558 рубли Федератсияи Россия, 640 000 суми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 497 рубли Ҷумҳурии Беларус ва 4 000 соми Ҷумҳурии Қирғизистон ситонида шудааст. Ҳамчунин, 2 311 049,45 сомонӣ, 178 450 рубли Федератсияи Россия, 186 639 доллари америкоӣ, 2 875 евро ва 200 юани Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун маблағҳои ба манфиати давлат мусодирагардида ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шуд.
- Масъалаи воридшавии санадҳои судӣ дар кадом ҳолат қарор дорад?
- Ҳисоботи оморӣ нишон медиҳанд, ки воридшавии ҳуҷҷатҳои иҷро сол то сол зиёд гардида истодааст. Агар соли 2008 ба истеҳсолоти иҷрочиён дар сатҳи ҷумҳурӣ 23 177 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида бошад, пас ин шумора соли 2019 ба 49 756 адад расидааст. Дар нимсолаи аввали соли 2020 бошад, 22588 ҳуҷҷати иҷро ба қайд гирифта шудааст.
- Сабабҳои асосии сари вақт иҷро нагардидани ҳуҷҷатҳои иҷроро дар чӣ мебинед?
- Воридшавии зиёди ҳуҷҷатҳои иҷро ва кам будани шумораи иҷрочиёни Хадамоти иҷро яке аз сабабҳои асосии ба таври дахлдор иҷро нагардидани ҳуҷҷатҳои иҷро, гузаронидани муҳлати амалҳои иҷро ва шикояти шаҳрвандон аз рӯи амалҳои иҷрочиён мебошад.
- Барои ташкили фаъолияти самарабахш иҷрои кадом корҳоро муҳим меҳисобед?
- Яке аз омилҳои асосии ташкили фаъолияти самаранок дар дилхоҳ мақомот таъмини кормандон бо шароити муътадил ва хуби корӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи банди 10-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018 таҳти №332 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати ҷойгиркунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳал чора андешанд. Айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва адлия иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мақомоти судӣ ва адлия фаъолият менамоянд, ки аз ин дастгириҳо сидқан миннатдорем. Ҳамчунин, Хадамоти иҷро диққати асосиро, пеш аз ҳама, ба муҳаё намудани шароити мусоиди корӣ ва дигар масъалаҳои ба ин алоқаманд равона карда, пайваста аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд. Хусусан, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон утоқҳои кории иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди Олии иқтисодӣ, шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ва ноҳияҳои Фархор, Спитамен, Деваштич, Левакант, Вахш, Рӯдакӣ, Файзобод, Лахш, Варзоб, Дарвоз, Роштқалъа пурра аз таъмир бароварда шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардиданд. Минбаъд низ дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди кории иҷрочиёни Хадамоти иҷро, бо дастгирию ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имкониятҳои мавҷуда истифода менамоем.
- Масъалаи муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздорон аз ҷумҳурӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ, ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил шудааст, айни замон ба феҳрист 1922 шахси воқеӣ ва 130 шахси ҳуқуқиро ворид карда, ҷиҳати ба барномаи электронии қабули маълумот нисбат ба қарздорон пайваст намудани сохторҳои мақомот тавассути шабакаи интернет ва мутамарказ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Бо дастрасии моддаи 421 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва риояи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 таҳти №260-3 «Дар бораи тартиби баҳисобгирӣ, пешбурди махзани маълумот, мубодилаи иттиллоот ва назорат дар низоми «Идоракунии раводид ва сарҳад», ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қарздорон маҳдудият гузошта, кор дар ин самт ҷоннок аст. Инчунин, ҷиҳати иҷрои муқаррароти моддаи зикршуда ва банди 37-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2018 таҳти №1, вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказии давлатӣ, сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва инкишофи шабакаи ягонаи табодули ҳуҷҷат ва иттиллоот байни мақомоти давлатӣ ҷиҳати амалигардонии самараноки Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо нишон дод, ки дар онҳо низоми гуногуни истеҳсолоти иҷро ва мақсаднокии ҷорӣ намудани чораҳои нави таъсиррасонӣ ба қарздор, инчунин таҳлил ва арзёбии самараноки механизмҳои амалигардида ба таври дахлдор ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, таҷрибаи ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузорӣ ва баргузории музоядаҳои фурӯши молу мулки дар ҳабс қарордошта бо тариқи электронӣ, маҳдуд намудани баромадани қарздор аз ҳудуди давлат дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷрои маҷбурии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус ва Ӯзбекистон ҷолиби таваҷҷуҳ буда, ба самаранокии иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот таъсири мусбат расонида, барои иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот низ мусоидат хоҳад намуд. Бо ҳамин мақсад, Хадамоти иҷро бо намояндагони барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) баҳри омӯзиши таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо ҳамкориро идома дода, инчунин бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти федеролии приставҳои судии Федератсияи Россия дар арафаи ба имзорасонӣ қарор дорад.
- Оё баҳри таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, ҳамчунин, санадҳои дигар мақомот, мушкилиҳо мавҷуданд ва баҳри ҳалли онҳо чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд?
- Лозим ба ёдоварист, ки механизми самараноки таъмини иҷрои санадҳои судӣ бояд бо дарназардошти мушкилиҳои дар соҳа ҷойдошта коркард шуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда, таъмини молиявии истеҳсолоти иҷро, тартиби ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани масъулияти иҷрочиён ва дигар масъалаҳои ба фаъолияти онҳо алоқамандро дарбар гирад. Таҳлилҳо собит намуданд, ки баҳри таъмини иҷрои самараноки санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот бояд камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта бартараф карда шаванд. Бо ин мақсад Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018 таҳти №332»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Онҳо тибқи тартиби муқарраргардида қабул ва пас аз нашри расмӣ мавриди амал қарор гирифтанд.
Ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои дар соҳа ҷойдошта, тибқи «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 таҳти №1242 тасдиқ гардидааст ва дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, лоиҳаи қонун дар таҳрири нав таҳия ва барои мувофиқа пешниҳод хоҳад шуд.
- Яке аз масълаҳои доғи рӯз зиёдшавии шумораи алиментсупорандагон дар кишвар аст. Вобаста ба ин чӣ корҳо ба анҷом мерасанд?
- Дар ҳақиқат, тибқи ҳисоботи омории солҳои 2011-2019, воридшавии шумораи ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани алимент сол то сол тамоюли зиёдшавӣ дошта, танҳо дар се соли охир 34 747 ҳуҷҷат зери назорати иҷрочиён қарор дорад. Маҷмӯан, дар сатҳи ҷумҳурӣ зиёда аз 71 000 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани алимент дар истеҳсолот қарор дошта, нисбат ба онҳо амалҳои иҷрои маҷбурӣ гузаронида мешаванд.
Омӯзиши ҳуҷҷатҳои иҷрои мавриди таҳлил қарорёфта нишон дод, ки иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳангоми иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба ситонидани алимент, талаботи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла кодексҳои оила, мурофиавии гражданӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва баҳри таъмину баланд бардоштани эътибори ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои амалӣ андешида, корҳои назаррасро ба анҷом расонида, баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои бо қонун ҳифзшаванда, ки аз муносибатҳои алиментдиҳӣ ба вуҷуд меоянд, мусоидат менамоянд. Зиёд гаштани шумораи алимент аз пош хӯрдани оилаҳо бармеояд. Сабабҳои вайрон гардидани онҳо бошад, гуногун аст. Масалан, барвақт ба шавҳар додани духтар, ки ӯ ба оиладор шудан тайёр намебошад, мувофиқат накардани хислатҳои ҳамдигарӣ, ҳамдигарнофаҳмӣ, дахолат кардани шахсони сеюм ба зиндагии оилаҳои ҷавон, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шавҳарон, ки пасон солҳои тӯлонӣ аз аҳволи зану фарзандон пурсон намешаванд, пайваста истеъмол кардани нӯшокиҳои спиртӣ, ки сабаби дар ҳолати мастӣ зери фишору зӯроварӣ қарор гирифтани ҳамсар мегардад, паст будани маърифати оиладорӣ ва ғайра.
Муҷиби сари вақт иҷро нагардидани санадҳои судӣ вобаста ба ситонидани алимент барои фарзандон гуногун мебошанд. Бояд қайд кард, ки алиментдиҳанда дар асоси ҳалномаи суд барои таъминоти фарзанд бояд то синни ба ҳаждаҳ расидани он алимент пардохт намояд. Бинобар ин, алиментдиҳанда на ҳама вақт аз уҳдаи сари вақт пардохт кардани маблағ баромада метавонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳолатҳои сари вақт пардохт накардани алимент, ки боиси ба вуҷуд омадани қарзи алимент ва мушкилситон гардидани он мегардад, аз як тараф, ҷои кори доимӣ надоштани алиментдиҳанда ва даромади мустақил надоштани ӯ бошад, аз тарафи дигар, бадқасдона саркашӣ кардани алиментдиҳанда аз супоридани алимент мебошад. Инчунин, сабаби дигари мушкил будани ситонидани алимент берун аз ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани баъзе аз алиментдиҳандагон мебошад, ки муддати дароз маблағро пардохт намекунанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро нисбат ба шахсоне, ки аз пардохти маблағи алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғ саркашӣ намудаанд, зиёда аз 250 пешниҳод барои андешидани чораҳои бо моддаи 177-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ба мақомоти прокуратура ирсол гардид. Аз ин шумора нисбат ба 115 нафар қарздор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, зиёда аз 130 пешниҳод дар марҳилаи баррасии тафтишоти пешакӣ ва тафтишоти судӣ қарор дорад.
Нисбат ба шахсоне, ки аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти алимент барқасдона, бе сабабҳои узрнок саркашӣ намудаанд, дар асоси ҳукми суд ба ҷазои ҷиноятӣ кашида шуда, маблағҳои қарзи алимент барқарор шудаанд. Лекин дар баъзе аз мавридҳо, новобаста аз татбиқи ҷазои ҷиноятӣ, маблағи қарзи алимент пардохт нагардида, ҳангоми адои ҷазои ҷиноятӣ қарзи алимент давра ба давра зам гардида, ситонидани он барои таъминоти фарзандони ноболиғ мушкил мегардад. Сарфи назар аз ин, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ва барқарор намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон аз имкониятҳои мавҷуда, тибқи қонунгузорӣ истифода менамояд.
Мансубини Хадамоти иҷро вазифаҳои касбиро – иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин, иҷрои санадҳои дигар мақомотро бо риояи принсипҳои истеҳсолоти иҷро, аз қабили қонуният, сари вақт гузаронидани амалҳои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ, эҳтироми қадр ва номуси шаҳрванд, дахлнопазирии ҳадди ақали молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва оилаи ӯ зарур, мутобиқати ҳаҷми талаботи ситонанда ва чораҳои иҷрои маҷбурӣ ба амал мебароранд.
Боварӣ дорам, ки кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии кишвар минбаъд низ қарзи инсонӣ ва шаҳрвандӣ мешуморанд ва садоқатро ба меҳан бо кору пайкори амалии ҳаррӯза собит месозанд ва ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои хуби меҳнатӣ, сазовор гаштан ба боварии мардум, иҷрои воқеии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ва бо ҳамин васила баланд бардоштани обрӯю нуфузи мақомот дар ҷомеа талош хоҳанд варзид. Ва бигзор ормонҳои волои истиқлолият, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва кору пайкори ҳамешагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолонаи мардуми кишвар гарданд.
Мусоҳибон
Самариддин АСОЗОДА,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»