Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян менамояд, балки дурнамои рушди ояндаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлилу баҳогузорӣ инъикос месозанд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи нашъаовар, ҷиноятҳои киберӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он диққати махсус дода шудааст.
Таҷриба исбот кардааст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.
Ҳоло барои инкишоф ва рушди мамлакат шароиту имконияти мусоид ва тадбирҳои муассир андешида шудааст, то ки шаҳрвандони кишварамон дар фазои орому осоишта зиндагӣ карда, дар рушд ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Дар ин самт мо — кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакатро таъмин намуда, барои боз ҳам фароҳам овардани фазои орому осоишта пайваста талош варзем, зеро меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки «пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».
Мавриди зикр аст, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони кишвари моро ба ташвиш овардааст, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ — ифротӣ ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ мебошад. Терроризм ва экстремизм дар замони муосир на танҳо ба як миллату давлат, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дошта, ба нооромиҳо дар гӯшаву канори олам боис гардидааст.
Ҳамчунин, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд».
Ба ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст. Аз ин рӯ, соли 2022 «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2027» қабул гардид. Дарки мафҳумҳое, ки барои пешрафти кишварамон замина мегузоранд, ҳар шаҳрвандро водор месозад, ки нисбат ба имрӯз ва ояндаи кишвари худ бепарво набошад.
Қарзи шаҳрвандии мо дар назди Ватан ҳимояи марзу бум, арзишҳои маънавию моддӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Дар Паём чунин таъкид гардид: «Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад».
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тӯли 31 соли Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ҳомии боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳонҳову озмоишҳои сахту сангин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд. Шукрона мекунем, ки аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Мо ба боварӣ гуфта метавонем, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор намуда, барои пешрафту нумӯъ ва якпорчагии Тоҷикистони азизамон фидокорона меҳнат мекунем.
Ҳабиб ҶУМЪАЗОДА,
сардори ШВКД дар ноҳияи Балҷувон