Ба ҷӯйбори калони «Ақ-қалъа», яъне МКХБ-3 «Хоҷабақирғон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз нав об омад.
- Ин оғози силсилачорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо об ба шумор меравад, — гуфт дар суҳбат раиси ноҳия Комил Салимзода.
Тазаккур бояд дод, ки тайи 12-13 соли охир ба воситаи насосҳои обкашӣ барои аҳолӣ дар як шабонарӯз 1-2 соат об дастрас мегардиду халос. Баъди таъмир гардидан насосҳои обкашӣ шабу рӯз кор мекунанд. Дар натиҷа, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби «Ленинград», «Зафари Тоҷикистон», хоҷагиҳои деҳқонии «Ярми Пурфайз», «Ҳакимхӯҷа Олимов» бо оби полезӣ пурра таъмин гардиданд.
Инчунин, таъминоти сокинони деҳоти Сомониён, Ҳаёти нав ва Ғӯлакандоз бо об беҳтар гардид.
Ҳусейни Назрулло,
«Садои мардум»