Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Ҳисор таъмиру тармими иншоот идома дорад.
Ҳоло дар шаҳри Ҳисор 7 муассисаи томактабии давлатӣ ва 5 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият доранд. Айни замон дар кӯдакистони «Офтобак» ва «Лола» — и шаҳри Ҳисор таъмир пурра ба охир расида, санади қабули иншоот ба масъулини татбиқи лоиҳа пешниҳод шудааст.
Таъмири муассисаҳои тандурустӣ аз самтҳои дигари лоиҳа ба ҳисоб меравад. Дар зертобеи муассисаи Маркази саломатии шаҳри Ҳисор 35 маркази саломатӣ, 42 бунгоҳ ва 4 нуқтаи тиббӣ мавҷуд мебошанд. Дар доираи лоиҳаи зикршуда15 марказ баъд аз таъмир ба фаъолият оғоз намуданд.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»