Таъмиру бозсозии 94 маркази саломатӣ дар Хатлон

№153 (4573) 14.12.2022

Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷти­моии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон 94 маркази саломатӣ таъмиру бозсозӣ мешаванд.

Бино ба маълумоти сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон Шайдулло Шарифзода, аллакай 17 адади онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар 56 иншооти дигар корҳои сохт­монӣ бомаром идома доранд.

- Бозсозии марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Вахш 9 адад, Дӯстӣ – 2, Ҷайҳун – 7, Қубодиён – 15, Кӯшониён – 13, Абдураҳмони Ҷомӣ – 7, Восеъ – 34 ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 7 адад ба нақша гирифта шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд, — гуфт номбурда.

Иқдоми мазкур дар доираи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» амалӣ гардида, барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»