Таъмиру таҷдид фаъолияти муассисаи таълимиро беҳбудӣ бахшид

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

Дар деҳаи Утанободи деҳоти ба номи Ҷ. Назарови ноҳияи Шаҳритуз маросими мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси ноҳия М. Баротов кушода, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва масъулини Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JiСА) барои саҳмгузорӣ дар бунёду азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 изҳори  миннатдорӣ намуд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Шерзода Ситора Маннон, сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинова, намояндаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JiСА) Шокирҷон Маҳмадов, директори Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Норимаса Шимомура суханронӣ намуда, зикр карданд, ки таъмиру азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 аз тарафи БРСММ дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» (LITAKA) амалӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон тариқи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JiСА) дар ҳаҷми 84 ҳазору 27 доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст.

 

Давлат СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»