Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) бо номзади ягонааш то сабқати асосӣ нарасид. Бозиаш оғоз наёфта, бохт камингираш кард, зеро на иттиҳод ҷиддӣ буду на бозӣ. Эътилофро Раҳматилло Зойиров бо мақсади истифодаи худаш таъсис дода буд, вале ба ҳисоб нагирифт, ки «сухани хона ба бозор намеояд рост». Ба ҷойи ӯ номзади дигар пешбарӣ шуд. Вазифаи гирифта боз ноиҷро монд. Акнун ӯ дасту почак мезанад, ки бо ҳар роҳе заврақи варшикастаю ғарқшудаашро ақаллан дар шакли пора-пора ба соҳили ормонҳои ҷавонмаргаш бикашад.
31-уми октябри соли ҷорӣ, Р. Зойиров ҷаласаи навбатии хонагиашро бо унвони Шӯрои сиёсии ҲСДТ баргузор кард. Бо ширкати худашу 5 нафари бандагони суханаш — Шокирҷон Ҳакимов, Амнияти Абдулназар, Шуҳрат Қудратов, Диловар Ҷӯраев ва Раҳим Раҳимов. Раиси ҲСДТ хеле талош кард, ки теъдоди бештари ҳамҳизбҳояшро гирд оварад, дар минбари ягон толори барҳаво ҳукмронию суханварӣ кунад, лекин талошҳо ба боди фано рафтанд. Ҳамагӣ панҷ нафар омад. Панҷ нафар бозмондае, ки наметавонанд ҳамин алъон танҳояш монанд, вале кафолат нест, ки фардо бо ӯ бошанд. Аз ин рӯ, маҷбур шуд, ки ҷаласаро дар хонааш гузаронад. Албатта, ин ҳолат барояш сангин буд, вале тарафи маблағии масъала метавонад тасаллобахши қалби озурдааш гардад. Яъне маблағи грантие, ки барои иҷорагирии маҷлисгоҳҳо барои ҳизбаш ҷудо шудааст, аз кисаи чапаш ба ҷайби рост кӯч мебанданд.
Шашгонаи ҲСДТ зимни ҷаласа бо қабули як қарор интихоботи президентиро дар Тоҷикистон таҳрим кард. Бидуни машварат ва муайян кардани назари дигар аъзои ҳизб дар шаҳру вилоятҳо. Р. Зойиров бори дигар намоиш дод, ки ҳизб ҳақиқатан ҳизби кисагии ӯст. Овоз ҳам дар ҳизб якест. Дигар аъзои каму беше, ки дорад, танҳо ба як хотир ба ҳизб шомил карда шудаанд: барои ҳисоботҳои оморӣ ва сухангӯйӣ аз номи ҳизб.
Интихоботи имсола нишон дод, ки ҲСДТ-и Зойиров ҳамчун ҳизби сиёсӣ танҳо бо ном вуҷуд дорад. Ҳизб на барномаи иқтисодӣ дораду на барномаи иҷтимоӣ. Маълум нест, ки кадом ғояву ақидаеро думболагирӣ мекунад. Ягона барномае, ки дорад, сирф барномаи иғвоангезист. Ҳатто нақшаи муайяне надорад, ки мувофиқи он амал намояд. ҲСДТ, ки даъвогари мавқеи калидии ширкат дар интихоботи президентӣ буд, натавонист номзади хешро пешниҳод кунад. Сипас, номзади дигаронро дастгирӣ намуду дар нимароҳ вогузораш кард. Иллаташ ҳамонест, ки рӯзҳои охир дар воситаҳои ахбори омма пайваста садо медиҳад. Вақте, ки шахс, гурӯҳ, ҳизб назди дигарон забонкӯтоҳ асту фаъолияташ ҳамеша бо самтдеҳии ангушти ишорати онҳо сурат мегирад, натиҷааш ҳамин мешавад.
Раҳматилло Зойиров доимо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ домангир буд, ки бо хадамотҳои масъули ҳамсоякишвар алоқамандаш месозанду туҳматаш мекунанд. Аммо оқибати ҳар сирре фошшавист. Иттиҳодчиёнаш аз ҲНИТ, ки бо мақомоти давлатӣ даъвоҳои хоси худро доранд, ҳангоми пешниҳод шудани номзадии ӯ ошкоро эълон доштанд, ки ба шахсияташ эътимод надоранд. Чунки баръало медиданд, ки сари ҳар масъалаи мавриди баҳс Зойиров аз ҳама охир тасмим ва ҳатман пеш аз эълон шудани он сафари бурунмарзиеро пеш мегирад. Ҳатто таҳрими интихобот аз ҷониби Шӯрои сиёсии ҲСДТ низ баъди бозгашташ аз чунин як сафар эълон гардид. Вале ин таҳрими шашкаса чӣ таъсире хоҳад дошт?
Албатта, таъсире чун талошҳои пешин, ки ҳамеша барҳадар буданд. Соли 2010 бо муроҷиатномае таҳти унвони «Барои интихоботи шаффоф ва одилона дар Тоҷикистон» ҳизбҳои сиёсӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро даъват намуд, ки ҳама гуна интихоботҳоро таҳрим кунанд ва ширкат наварзанд. Дар Тоҷикистони ҳаштмиллиона гӯше пайдо нашуд, ки ин даъватро шунавад. Дар пайи таъсиси ҷунбиши мардумие бо номи «Иттиҳоди неруҳои демократии Тоҷикистон» афтод, ҳамроҳе пайдо накард. Эътилофи ИНИТ-аш низ ба як хотир буд: чун қувваи воқеие барои пиёда кардани супоришоти гирифтааш надорад, хост ҲНИТ-ро истифода барад, вале тираш хок хӯрд, зеро камонаш каҷ аст. Маҳз чунин ашхосро гуфтаанд, ки:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад!
Шамсиддини Нурулҳақ