Ё чаро мансабдорон даст ба ҷиноят мезананд?
Дар ноҳияи Ҷайҳун заҳкашеро пур кардаву онро барои бунёди хонаи истиқоматӣ ба сокинон тақсим кардаанд. Ин амал дар деҳаи Ҷӯйбори деҳоти «Қумсангир» ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи сокинон, ин корро собиқ раиси деҳоти «Қумсангир» Муродбек Ақсақолзода, ки феълан раиси шаҳраки «Дӯстӣ»-и ноҳия мебошад, анҷом додааст.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода 17-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, заҳкаше, ки аз хок пур карда шуд, дар доираи қонунҳои амалкунанда иҷро шуда, қонунист. Ӯ афзуд, ки он замини ғайрикишоварзӣ буда, хулосаи сохторҳои давлатӣ гирифта шудааст.
- Ихтисоси ман муҳандис — заминсоз аст. Ҳамин ки ба ҳайси раиси ноҳия таъин шудам, он мавзеъро аз назар гузаронидам. Ҳамааш қонунӣ аст, — гуфт Абдулҳафиз Одиназода.
Аммо ба суоли «Дар он мавзеъ чӣ қадар замин бо кадом қарори раиси ноҳия ва ба чанд оила тақсим шудааст?», — раиси ноҳия посух надод.
Зимни нишасти матбуотӣ Муродбек Ақсақолзода ва масъулини кумитаи идораи замини ноҳия низ иштирок доштанд. Мутаассифона, онҳо низ ба савол ҷавоб надоданд.
Чанд сокини деҳаи Ҷӯйбор зимни суҳбат гуфтанд, ки дар канори заҳкаш роҳи оҳани камбар мавҷуд буд, ки он низ аз байн бурда шуд. Дар муқобили заҳкаше, ки аллакай ба сокинон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст, замини кишоварзии дигар низ мавҷуд аст. Зимни суҳбат яке аз сокинони маҳаллӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, аллакай тақсимот дар он низ ҷараён дорад.
«Ман дар ягон ҷой надидам, ки заҳкашро ҳамчун хонаҷо тақсим кунанд», — бо таассуф гуфт ҳамсуҳбатам.
Прокурори ноҳияи Ҷайҳун Шоҳрух Раҷабзода зимни суҳбати телефонӣ зикр кард, ки нисбат ба қазия аз тарафи Прокуратураи вилояти Хатлон санҷиш гузаронида шуда, қарори дахлдор қабул гардидааст. Бино ба иттилои сардори бахши назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи вилояти Хатлон Рустам Сангинзода, бо супориши прокурори вилоят нисбат ба ин масъала санҷиш гузаронида шуда, алайҳи Муродбек Ақсақолзода — собиқ раиси деҳоти «Қумсангир», раиси шаҳраки «Дӯстӣ» ва муҳандис — заминсози ҳамин деҳот Фазлиддин Ғоибов аз ҷониби прокуратураи вилоят парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар рафти санҷиш, инчунин, маълум шуд, ки Муродбек Ақсақолзода дар давраи раиси деҳоти «Қумсангир» кор кардан дар ду ҳолат аз шаҳрвандон бо ваъдаи ба расмият даровардани ҳуҷҷати масҷидҳои панҷвақтаи деҳаи Суғдиён 50 ҳазор ва деҳаи Тоҷикистон 20 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Санҷиш, ҳамчунин, муайян кард, ки М. Ақсақолзода бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз сокини деҳаи Ҷӯйбори деҳоти «Қумсангир» Маҳмадалӣ Забиров 16 ҳазор сомонӣ гирифта, бо маслиҳати пешакӣ бо муҳандис — заминсози деҳот Фазлиддин Ғоибов ба Маҳмадалӣ Забиров 0,3 гектар замин ҷудо карда додаанд.
Прокуратураи вилояти Хатлон алайҳи Муродбек Ақсақолзода бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» (қаллобӣ) ва моддаи 3381 банди «б», «в» (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст.
Аз Прокуратураи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин соли гузашта 116 санҷиш оид ба бартарафсозии қонунвайронкуниҳо гузаронида шуда, 3711 санади прокурорӣ бароварда шуд. Бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 2092 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Ҳамчунин, ба 445 санади ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда, онҳо қонеъ карда шуданд. Инчунин, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо 391 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла, нисбат ба 112 нафар мансабдор ва хизматчии давлатӣ, оғоз гардидааст.
Соли 2020 бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 4120 гектар қитъаи замини худсарона забтшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала баргардонида шуданд. Инчунин, 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бекор карда шуд, ки 85 фоизи онҳо ба масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин тааллуқ доранд.
Дар ҳамин ҳол коршиносони соҳаи кишоварзӣ барои кам кардани оби зеризаминӣ ва фаровонҳосилӣ мавҷуд будани заҳкашро муҳим меҳисобанд. Заҳкаш намнокии заминро кам карда, асоси серҳосилии замин мебошад. Онҳо бар ин назаранд, ки заҳкашҳоро ҳар сол бояд тоза кард, на ин ки аз байн бурд.
Мутаассифона, масъулин дар ноҳияи Ҷайҳун ба ин масъалаи муҳими соҳаи кишоварзӣ чандон аҳамият надода, ба амале даст задаанд, ки боиси таассуф аст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»